Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дирӯз, дар толори китобхонаи донишкада мизи мудаввар бо ширкати омӯзгорону донишҷӯён бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Президенти мо- ифтихори мо”! баргузор гардид.

Дар чорабини мазкур сардори шуъбаи кор бо ҷавонон Насриддинов Шаҳбоз, директори китобхона Узбекова Баҳриниссо, муовини декан оид ба тарбияи факултети металлургия бонуи фаъол Расулова Мунзифахон ва як нафар донишҷӯ маърӯза намуда, аз дастовардҳо ва пешрафти Тоҷикистон гуфта гузаштанд. 

Ҳамчунин, дар мизи мудаввар донишҷӯён озодона ибрози назар намуда, аз имкониятҳои фароҳамгардида барои ҷавонон ёдовар шуданд. 

Ёдовар мешавем, ки мизи мудаввари мазкур бо ташаббуси факултети металлургия ва шуъбаи кор бо ҷавонон гузаронида шуд.