Дарси кушоди Дӯсталиев Сарвар

Имрӯз, дар кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ  дарси кушоди омӯзгори фаъол Дӯсталиев Сарвар аз фанни “Эътимоднокии мошин ва таҷҳизоти кӯҳӣ” мавзӯӣ  “Формулаи воситаҳои механиконии саноати кӯҳӣ”  баргузор гардид.  Дар дарси кушоди мазкур муовини декани факултети электромеханика  Саидов Анвар, мудири кафедраи фанҳои  умумитехникӣ Воҳидов Аҳрор, омӯзгори кафедраи сохтмон ва корҳои  маркшейдерӣ  Боев Муродбек ва омӯзгори ҳамин кафедра Хуҷамов Санъат ширкат намуданд.  Самти мавзӯи баррасишавандаи дарси кушоди имрӯза  рушди саноатӣ кӯҳкорӣ буда, донишҷӯён фаъолона ширкат намуданд. 

Омӯзгорон ба рафти дарсгузарии омӯзгор баҳои баланд доданд. Дар интиҳо суолу ҷавбҳо сурат гирифт, ки донишҷӯён фаъолона ба суолҳо посух доданд.

Шуъбаи иттилоот