РӮЙМОЛ ТОҶИ ЗИННАТИ ЗАН АСТ

Ҳиҷобхоҳони бемаънӣ, ки ранги сиёҳро дар фарҳанги миллӣ пиёда карданӣ ҳастанд, бо муқобилати ҳавохоҳони масири миллӣ ва либоси асили  миллӣ ру ба рӯ шудаанд. Ин беимонҳо миллатро сиёҳпӯш ва Ватанро мотамсаро карданӣ ҳастанд, ки хокашон ба хок хӯрда, рӯз то рӯз бо диди васеъ ва дили васеъ, занону модарони тоҷик атласпӯшу адраспӯш шудаанд. Кӯчабоғҳои Душанбе ба гулзори либосҳои ранг ба рангу зебои миллӣ оростааст, касро аз дидани ҳама ин зебоиҳо фараҳ мебахшад.

Рисолати ҳунарварӣ ва зебопарастиии занону модарон сабабгор шуд, ки  номи чакан ҷаҳонӣ шавад ва ба феҳрасти ғайримоддии ЮНЕСКО  ворид гардад.  Ду тамоюли ба ҳам зидд дар муборизаанд: сиёҳи ва сафедӣ. Ҷонибдорони торику сафедӣ мисли тиннати сиёҳашон тақдири миллатро ба бероҳа мекашанд, фарҳанги биёбониро, ки хоси иқлиму ботини мо нест, ба зӯрӣ таҳмил карданӣ ҳастанд.  Тарафдорони масири сафеди зиндагӣ тоқиву рӯймолу рӯйсарии модари тоҷикро, ки ранги сафед дорад ва дар кӯхистон роиҷ аст, меёъру мелоки либоспӯшии занҳо медонанд.

М. Садруддин, он балвогари авлодӣ ва иғвоангези суннатӣ, дар сомонаи «ислоҳ.нет»ҳиҷобро меъёри либоспӯшӣ донистааст. Худ ва хонаводааш аз шарри ҳиҷобпӯш раҳо ва дар Аврупо паноҳанда шудаанд.  Бале, хонандаи гиромӣ, ҳамсараш дар Кувайт ва Қатар ба ҳиҷобпӯшӣ тоб наоварда ба ҷанҷолу хархаша кашидааст, ки ба Аврупо равему ҳавои озод кашем будааст… Ин маълумот аз доираҳои наздик ба М.Садруддин дастрас карда шуда, ба сиҳати он шубҳа нест.

Ҳамин бевиҷдонҳо, ки занҳояшон гапашонро дар либоспӯшӣ намегирад, дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳиҷобро дастак карда, тавсияҳои нораво медонанд.

Модари кӯҳистонӣ дар Рашту Кӯлоби Бадахшону Зарафшон ҳеҷ вақт фаранҷӣ напӯшидааст. Калимаи «фаранҷӣ» аз вожаи «фаранг» гирифта шуда, маънои Аврупо дорад. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки фирориҳои ғарбнишин ба беномусие ки ба онҳо хос аст, ба дигарон он чиро раво медонанд, ки худашон онро дар хонавода намеписанданд.

Аввалунсури фарҳанги миллӣ зебоипарастист, меъмории зебо, либоси зебо, муҳити зебо ҳама дар маҷмуъ тасвири пурраи миллатро ба армуғон меорад. Душманони миллат муҳити зебои моро ба мотамкада табдил доданӣ ҳастанд. Ранги сиёҳ ранги ДОИШ аст, ранги сиёҳ ранги марсияҳои мотамист.  Гӯристон ранги сиёҳро талаб мекунад. Ҳаёт ранги нишоти зиндасози сафедро мепазирад. 

 

Чеҳраи гулфом ва нуқрасони занҳои точик ба ранги сафед базеб аст. Ифротиҳои таҳмилгари либоси бегона, мисли аслбохтаҳое ҳастанд, ки дар бадгумонӣ ва гуноҳҳои кабира ғута задаанд. 

Рӯймол, рӯйсарӣ, соба, дока ва тоқиҳои занона, худ сатри аврат аст ва ҳеҷ ниёзи мубраме барои содир кардани либоси бадавӣ нест. Ҳиҷоб моли бегона аст, ки он «бегона»-ҳо ҳам аз пӯшидани он безоранд. Чаро оқил кунад коре ки бозорад пушаймонӣ?

Ба гуфти ҳакиме, «Одам бояд аз ҳама лиҳоз зебо бошад, ҳам ба либос ва ҳам ба ботин».

 

                                                                                                                             Комрони Сулаймонов, дизайнер