ПАЁМИ РАҲНАМОИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МО

 

                                           ПАЁМИ РАҲНАМОИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МО

Боиси хушнудӣ ва мояи сарбаландист,  ки  Парвардигори олам ба мо мардуми тоҷик чунин як марди асилу фарзанди арзандаи миллат, меҳрубону ҳалим, ва дар ҳама ҳолат раҳнамо ва илҳомбахши дастовардҳо,  ҳимоятгари марзу буми мероси ниёгон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ато фармудааст.

 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамоми ҳайати устодону донишҷӯёни  Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар толори калони донишкада ба воситаи телевизион дастҷамъона тамошо намуда руҳу илҳоми тоза гирифтанд, ки  ҳама суханҳои самимӣ ва самимонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як ҳамватан, ҳар як шаҳрванд ва ҳар як сокини банангу номуси тоҷик буда,  ҳарфҳои он аз муҳаббат ба Ватан лабрез дар зери ҳар як калимаи он  самимӣ ва қутбнамои ҳаракати устувор ба сӯйи ояндаи нек ва пешбурди кор дар ҳамаи ниҳодҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ мебошанд.  Дар Паёми навбати пеш аз ҳама роҳу паҳлуҳои асосии раванди таъсиррасонии кору фаъолият ҷиҳати истифодаи мақсаднок ва самараноки иқтидорҳои истеҳсолию захираҳои мавҷуда, сарфакорӣ, камхарчии маблағу мавод, ташкилу омода ва ба кордарории корхонаю иқтидорҳои нави саноатию энергетикӣ, кишоварзӣ, соҳаҳои хизматрасонӣ, дастгирӣ ва рушд бо тамоми соҳибкорӣ муайян нишон дода шуд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаҳои пешрафти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ба шумор рафта бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ба заҳмати софдилонаи мардумӣ ҷумҳурӣ дар ҳамаи самтҳо ва ҳамаи ин ғамхориҳо аслан барои таъмини зиндагии шоистаи халқ пешбинӣ шудааст.  Дар робита бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат бо мақсади тақвият бахшидан ба усулҳои фаъоли таълим равона карда, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат ҳадафи олии худ эълон намоянд.         

             Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот пешниҳод намуданд, ки солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шаванд. Мақсади асосӣ аз ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад.

             Ҳамзамон таъкид намуданд, ки ҳар як амали некеро, ки ба шукронаи истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндаамон, Ватани азизу маҳбубамон – Тоҷикистон мекунем, зеро ин Ватан ва ин давлат аз худи мост ва онро ба ҷойи мову шумо каси дигар обод намекунад, ҳар як фарди ватандӯст бояд дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва оромиву суботи ҷомеа бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ҳамкорӣ намояд.

 

  Мавриди мақоми зан дар ҷомеа, Пешвои миллат таъкиди алоҳида намуданд, ки писандам омад. Боиси хушнудист, ки дар донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон сол аз сол сафи донишҷудухтарон ва омузгорон аз ҳисоби занҳо афзоиш меёбад. Аз ин таъкиди Пешвои миллат илҳоми тоза гирифта, минбаъд ба донишкада духтарони бисёрро ҷалб месозем.  

          Бо шукрона аз ваҳдату якпорчагӣ ва сулҳу осоиштагӣ мо бояд   чун нерўи қавӣ ва пешбарандаи ҷомеа тамоми донишу маҳорат ва хираду заковати хешро баҳри бунёди ояндаи дурахшон ва ободии ватани азизамон равона карда, сиёсати маънавиятгарои сарвари давлатамонро оқилона пайгирӣ ва дар ҳама соҳаҳо ҷонибдорӣ менамоем ва ҳадафу нишондодҳои Паёми навбатиро сармашқи кори худ гирифта  дар раванди корҳои ободонӣ саҳми босазои худро мегузорем.

 

                                                                       Маҳина    Қодирова, мутахассиси илм, инноватсия ва робитаҳои                                                                                                                                   байналмилалии ДКМТ