Рӯзи душанбе дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон “Ҳафтаи фанҳои дақиқ ва риёзӣ” оғоз мегардад”

Ба маълумоти ҳамаи омӯзгорону донишҷӯён мерасонем, ки бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо ташаббуси кафедраи  математикаи олӣ ва информатика дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон “Ҳафтаи фанҳои дақиқ ва риёзӣ” гузаронида мешавад.

Дар доираи ин ҳафта рӯзи дарҳои кушод ва семинару конфронсҳо дар назар дошта шудааст, ки ҳамаи донишҷӯён метавонанд барои худ дар доираи ин ҳафта маълумоти бештаре бигиранду донишҳои хешро сайқал диҳанд.