РӮБИНОН Ё МУАРРИФИИ ТИФЛ

Илми тиб дар айёми мо хеле рушд ёфтааст. Пизишкон бо хоҳиши падар ҳама корро карданд, то тифл дар арафаи конфронси Варшава ба дунё чашм кушояд. Аммо Қадамшоҳ Исматов бовар дорад, ки илм ҳеч аст, ин ҷо нақши асосиро сеҳру ҷоду бозид.

Долонҳои конфронси САҲА (Созмони амният ва ҳамкории Аврупо) аз кабириён пур буд. Дар ҳар маҷлису дар ҳар мавзӯъ онҳо суханронӣ мекарданд. Гӯиё шаби эҷодии Кабирӣ ё бенефиси ӯ буд. 
Даҳ рӯзи як намоишнома, спектакли як актёр бо як занозании ҳайатҳои тоҷикон ва як “занталоқи тоҷикии Кабирӣ” ва “сафед кардани номи босмачиён” дар ёдҳо монду халос. Дигар ҳеч! Нишастанду гуфтанду бархостанд.