РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ МУАРРИФГАРИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ

Ба озмуни вилоятии  “Мақолаи беҳтарин” вобаста ба имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ

Бо мақсади тараққӣ додани сайёҳӣ,муаррифии шоистаи  имкониятҳои сайёҳии  мамлакат ва фарҳангӣ миллӣ дар арсаи байналхалқӣ пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар соли рушди сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад.

Эмомалӣ Раҳмон, Паёми ба Маҷлиси

Олии ҷумҳурии Тоҷикистон 22.12.2017с.

 

Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон  гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бори дигар аз сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад. Ин иқдоми навбатии Сарвари давлат ҳар яки моро водор месозад, ки ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, нангу номуси миллиро бояд аз Пешвои миллатамон биомӯзем.

Чӣ тавре, ки Пешвои миллатамон дар Паёмашон зикр намуданд,

“Мақсад аз эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” як шиори рӯзмарра набуда, балки муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, фарҳангии миллии тоҷикон дар арсаи байналхалқӣ мебошад”. Сарвари давлатамон дар Паёмашон қайд намуданд, ки аз санаи 1- уми январи соли 2018 мардуми кишвар барои истеҳсол ва фурӯши молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди сайёҳӣ аз пардохти ҳамаи намуди андозҳо озод карда мешаванд. Ин ғамхории навбатии Пешвои миллатамон ба ҳар як фарди ватандӯст имконият медиҳад, ки дар муаррифии миллату ватани худ саҳмгузор бошад.

Имрӯз ба ҳамагон маълум аст, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои сердаромадтарини иқтисодиёти ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Зеро сайёҳӣ яке аз омилҳои рушди иқтисодиёт, бо ҷои кор таъмин намуднаи аҳолӣ, паст кардани сатҳи  камбизоатӣ маҳсуб меёбад. Масалан, 80 % даромади буҷаи кишвари Туркия аз ҳисоби соҳаи сайёҳӣ мебошад. Дар ҷаҳони муосир бисёр кишварҳои мехоҳанд, ки мамлакати худро ба кишвари сайёҳӣ табдил дода, аз ин ҳисоб фоидаи зиёд ба даст оранд, ба монанди фуруши нафт, тилло, газ ва ғайра. Аммо кишвари мо чӣ тавре, ки Сарвари давлатамон борҳо қайд намудаанд “Кишвар  биҳиштосо, биҳишти рӯи замин аст” ва барои рушди сайёҳи имкониятҳои фаровон дорад.

Чӣ тавре, ки аз ҳисоботҳои омории коршиниосон бар меояд, дар ҷаҳон шумораи одамоне, ки ба соҳаи сайёҳӣ сару кор доранд, зиёда аз 150 миллион нафарро ташкил дода, маблағгузории ҳар сола барои рушди сайёҳӣ дар ҷаҳон 35%-ро ташкил медиҳад. Баъзе сарчашмаҳои иттилоотӣ даромади сайёҳиро дар ҷаҳон дар давоми соли 2000-ум тақрибан  461 миллиард доллар арзёбӣ мекунанд. Бинобар ин, Сарвари хирадманди мо ҳамаи ин омилҳоро ба ҳисоб гирифта, соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд.

Воқеан ҳам, ба бахти миллату давлати мо кишвари азизи мо мамлакати чун макони сайру саёҳат офарида шудааст. Сарзамини мо ҳанӯз аз замонҳои қадим бо мавзеъҳои хеле дилфиребаш диққати саёҳатчиёну тадқиқотчиёнро  ба худ ҷалб намуда буд, ки ба ин Роҳи бузургӣ абрешим сабабгор буд, зеро ин роҳи бузург на танҳо роҳи тиҷорат, балки роҳи сайёҳӣ ҳам, ба ҳисоб мерафт. Қаламрави Тоҷикистонро бисёр сайёҳону донишмандон ҳанӯз аз замони шоҳроҳи бузурги Абрешим ва минбаъд аз сафари сайёҳи венитсиягӣ Марко Поло то иштирокчиёни экспедитсияҳои барзиёди олимони рус омӯхтаю таҳқиқ намуда, фикрҳои ҷолиб баён доштаанд.

Табиати зебо, куҳу дарёҳо, чашмаҳои сафобахш ва табиати нотакрори олами набототу ҳайвонот малакати моро ба кишвари биҳиштосо табдил додааст. Калонтарин дарёҳои Осиёи Марказӣ Сир ва Ому аз ҳудуди кишвари мо мегузаранд.Боми ҷаҳон, кӯҳҳои Помир диққати ҳар як бинандаро ба худ ҷалб мекунад. Зеро зиёда аз 7000 пирях, 155 кули гуногунҳаҷм, 930 дарё ва чашмаҳои шифобахш диққати сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб мекунад. Илова бар ин,кишвари мо дорои мавзеъҳои нодири фарҳангию таърихӣ, шаҳрҳои қадима ва  маҷмаъаҳои меъморию таърихӣ мебошад.

Дар ҷумҳуриамон барои рушди қариб ҳамаи соҳаҳои сайёҳи имкониятҳо мавҷуданд,хусусан дар Тоҷикистон, барои рушди тамоми намудҳои сайёҳӣ – сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ, таърихӣ, варзишӣ-кӯҳӣ замина муҳайёст. Дар баробари ин барои рушди сайёҳии байналхалқӣ дар мамлакат, беҳтар намуднаи вазъи инфрасохтори соҳа, фаъолияти саниторию курортӣ ва муҳайё намудани шароити муносиб барои ташрифи сайёҳони хориҷӣ тадбирҳо андешида мешаванд, ба ибораи дигар, дар Тоҷикистон сайёҳат ҳамчун воситаи тарғиби таъриху дастовардҳои бостонӣ яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиётӣ мамлакат маҳсуб меёбад.

Вобаста ба  ин, рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ танҳо вазифаи давлат ва барномаҳои давлатӣ набуда, барои пешравии ин соҳа бояд ҳар як фарди ватандӯст саҳмгузор бошад. Бояд қайд намуд, ки барои рушди ин соҳа, муаррифии кишвар аз нигоҳи сайёҳӣ яке аз омилҳои асосӣ ва роҳи ҳалли мушкилиҳои ин соҳа мебошад. Аз ҷумла, баъди ба истифода додани нақби Истиқлол ва Шаҳристон мавзеъҳои хушманзараи ағбаи Анзобу Шаҳристон то андозае аз маркази таваҷҷӯҳ берун мондаанд. Имрӯз вақти он расидааст, ки дар ин мавзеъҳо меҳмонхонаҳо ва ҷойҳои дамгирӣ бо тамоми шароитҳо барои сайёҳони дохилию хориҷӣ бунёд карда шаванд. Зеро бисёр мавзеъҳои саёҳатбоби кишварҳои Туркия, Шветсария, Чехия, Италия ва ғайра маҳз дар ҳамин хел мавзеъҳо бунёд гаштаанд. Инчунин, бояд қайд намуд, ки  барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ баланд бардоштани маърифату муносибати аҳолӣ ба сайёҳон ва ҳамзамон, то андозае донистану доштани маълумот оид ба ёдгориҳои таърихию меъмории кишвар нақши муҳим мебозад.

Аз ин хотир, дар муассисаҳои таълимӣ новобаста аз самту ихтисос ба омӯзиши  забонҳои хориҷӣ, донистани фарҳангу урфу одати халқҳои Аврупо, Америкаву Осиё ҳамчун омили баланд бардоштани маърифати сайёҳӣ бояд аҳамияти махсус дода шавад, ки ин барои баланд бардоштани маърифати сайёҳӣ ва муносибат ба сайёҳон мусоидат менамояд.

Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки дар муаррифии кишвар барои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ на фақат ташкилоту ширкатҳои ин соҳа, балки ҳар як фарди ватандӯстӣ бояд саҳми назаррас гузорад.

Илова:

Кӯҳи намак ва чашмаҳои оби мусаффои Хоҷамӯъмин яке аз боигариҳои табии сарзаминамон ба ҳисоб мераванд. Кӯҳ аз сатҳи баҳр дар баландии 13387 метр воқеъ гардида, баландиаш беш аз як километр аст. Он аз намаксанги сафеди сабзгу ё бунафшбоб иборат буда, сатҳи болоиашро ҷинсҳои кӯҳии гаҷмонанд ва қабати гилин пӯшонида, ки дар натиҷаи вазиши боди авғонӣ тӯли садсолаҳо ба вуҷуд омадаанд. Дар сатҳи кӯҳ буттаҳои паст, дулона, настаран, зарранг ва дигар гиёҳҳо мерӯянд. Аҷиб он аст, ки ин намуди растаниҳо ҳатто миқдори ками намакро дар замин намепазиранд. Ба андешаи коршиносон, қабати гилини кӯҳ тунук аст,вале барои нашъунамои рустаниҳо кофист. Ғайр аз ин, дар қуллаҳои кӯҳи намакин аз мағораҳо чашмаҳои сершумор ҷӯш зад, ҷорӣ мешаванд. Миқдори онҳо дар атрофи кӯҳ қариб 160-то буда, чашмҳои доимӣ наздик ба 30-то мерасанд. Руби чашмаҳо метавонанд асоси бунёди муҷтамаҳои муолиҷавӣ дар ин мавзеъ гарданд.

Кӯҳи намаки Хоҷамуъмин яке аз ёдгориҳои барҷастаи геологии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ин мавзеъ барои омӯзиш макони бозёфтҳои нодир буда, бунёди муҷтамаҳои муолиҷавӣ ва ташкили сайругашти сайёҳон метавонад ҳам шуҳрати онро афзун намояд ва ҳам рушди иқтисодиёти кишвар саҳм гузорад.

Ҳамин тавр, он рӯз дер нест, ки Тоҷикистони азизи мо ба яке кишварҳои асосии сайёҳӣ-туризми ҷаҳон табдилёфта соҳаи сайёҳӣ бешубҳа муаррифгари кишвари мо хоҳад шуд.

 

Абдуманнон Раҷабов,   Раиси шӯрои ҷавонон,

Донишҷӯи бахши 4, факултети металлургия, ихтисоси Ҳамлу нақл тавассути автомашинаҳои боркаши Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон

 

Адабиёт:

  1. Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ш. Душанбе, 22.12. 2017с.
  2. “Ҷавонони Тоҷикистон”, № 31, 02.08.2018сол.