РИСОЛАТИ ВАТАНДОРӢ – МАСЪУЛИЯТИ ҲАР ЯКИ МОСТ!

“Ҳадафҳои созандагӣ, ҷаҳду талошҳои пайгирона, ормонҳои волои истиқлолият ва сулҳу ваҳдат ҳидоятгари мо ба сӯи ояндаи нек ва зиндагии осоиштаву осудаҳолона мебошанд. Мо бояд масъалаи сарҷамъиву иттиҳоди миллат, ваҳдати миллӣ, инчунин аҳамият ва зарурати ҳифзи ин неъматҳои ниҳоят муҷаддаси халқамонро ҳеҷ гоҳ аз мадди назар дур насозем”.

Эмомалӣ Раҳмон

Бо шукргузорӣ аз истиқлолияту озодии давлату миллат, фазои орому осудаи кишвар, ваҳдату сарҷамъии мардуми шарифи Тоҷикистон, ки аз баракоти онҳо барои ташаккули рукнҳои давлатдории миллӣ, аз ҷумла, ҳифзи боэътимоди марзу буми сарзамини аҷдодиамон шароит ва имконияти мусоид фароҳам омадааст ҳар яки моро зарур аст, ки  мақсаду мароми гурӯҳҳои ифротгаро, хоинони давлати соҳибистиқлоламонро омӯхта баҳри амалӣ нагаштани орзуҳои онҳо камари ҳиммат баста бошем. Ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди зуҳури ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳу ҷараёнҳоест, ки талош доранд, асосан бо истифода аз эътиқоди диниву мазҳабӣ афкори мардумро ба сӯи худ ҷалб созанд. Ин гурӯҳҳо бо низоми дунявият, ки кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мутеи онанд, ҳамеша дар ҳоли ихтилоф қарор дошта, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки арзишҳои дунявиро дар зеҳну шуури мардум махсусан ҷавонон камранг созанд.

Яке аз чунин ҳизбу гурӯҳҳои иртиҷоӣ ташкилоти террористӣ экстремистии Ҳизби наҳзати ислом мебошад, ки аксари шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, бинобар ноогоҳӣ, дур будан аз арзишҳои дунявию донишҳои ҷаҳоншиносиро ба доми худ гирифтор мекунанд. Табиатан чунин афрод дорои ҳассосияти баланди динӣ – мазҳабианд, ки мубаллиғони гурӯҳҳои ифротгаро маҳз ба ҳамин ҷиҳати масъала таваҷҷӯҳ намуда, онҳоро ба осонӣ пойбанди худ месозанд.

Бо вуҷуди шикаст ва маҳкум карда шудани бархе аз гурӯҳҳои террористӣ, ҳанӯз ҳам таҳдидҳо аз байн нарафта, терроризму экстремизм метавонад ҳар лаҳза ба ҷони инсонҳову суботи ҷомеа хатар эҷод намояд.

“Имрӯз бояд хар як шаҳрванди бонангу номуси миллат  бо мехнати ҳалоли худ баҳри ободию гул гулшукуфии Ватани азизамон саҳмгузорӣ намуда, аз ҳар гуна гурӯҳҳои фитнангез ва ифротӣ дурӣ ҷӯяд».

Аз ин ҷост, ки рисолати ватандориву қарзи инсонист, ки дар чунин вазъият ҳар фарди худогоҳ, бахусус ҷавонон, ки ояндасози миллатанд, дар ҳифзу пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ҷомеаи солим саҳмгузор бошанд. Баҳри осоиштагии кишвари маҳбубамон ва таъмин намудани сулҳу субот, пойдории ваҳдати миллӣ ҳамагон бо сарварии Пешвои миллат кӯшиш намоем, ки кору пайкори гурӯҳҳои ифротӣ дар мамлакати мо несту нобуд карда шавад. Мо бояд дар ҷавонони ояндасоз ҳисси масъулиятшиносӣ, таҳаммулпазирӣ, андешаи солимро ташаккул диҳем, то ки дар амалисозии ниятҳои ғаразноки худ гурӯҳҳои террористӣ онҳоро ҷалб карда натавонанд. Бо афкори палиди худ душманони давлат метавонанд бо гуфтаҳову ваъдаҳои бардурӯғ аҳолии бегуноҳро ба итоати худ дароранд. Омили дигаре, ки ба мафкураи ҷавонони имрӯза таъсир мерасонад таблиғотҳову наворҳои диниву мазҳабии гурӯҳҳову ташкилотҳои экстремистии ҲНИ мебошад, ки тавассути расонаҳоҳои гуногун ва шабакаҳои интернет паҳн карда шуда метавонад зиракии сиёсии бинандаю шунавандаро вайрон карда бошад. 

Хушбахтона, имрӯз баҳри несту нобуд кардани гурӯҳҳову ташкилотҳои террористию экстремистӣ кулли кишварҳои ҷаҳон ҷаҳд ва талошҳо менамоянд. Моро зарур аст, ки дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”-ро пешаи худ қарор дода дар таъмини амнияти Ватани худ саҳмгузор бошем.

Юсупов Хуршедҷон Маҳмудҷонович-  н.и.и. и.в. дотсент, мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии ДКМТ