Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз озмоишгоҳи академияи СDIO-и назди донишкада дидан намуд

Имрӯз, ректори донинишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз озмоишгоҳи академияи СDIO дар  назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дидан намуд. Ректори донишкадаро муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо, директори ҷониби тоҷикистонии Донишкадаи Конфутсий Валиева Мастурахон ҳамроҳӣ намуданд.

Ба ҳозирин имконият, роҳҳои коркард ва тарзи истифодаи таҷҳизотҳои техникиро мудири кафедраи  металлургия  Қодиров Абдурашид фаҳмонида, роҷеъ ба ҳар як таҷҳизот маълумоти кофӣ дод. Ҳамчунин, ба ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ иттилоъ дода шуд, ки аллакай донишҷӯён дарсҳои амалии худро дар ин озмоишготҳ мегузаранд.

Ҳини боздид аз озмоишгоҳи академияи СDIO-и назди донишкада ба ректори донишкада  муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ   профессор Умарҷонов Абдусафо иттилоъ дод, ки тамоми санҷишҳо ва ташхисро дар ин озмоишгоҳ гузаронидан мумкин аст ва коргоҳҳои саноатӣ метавонанд ба мо дар ин давра барои гирифтани хулосаи озмоишгоҳӣ муроҷиат намоянд.

Ёдовар мешавем, ки академияи СDIO ягона дар Осиёи Марказӣ буда, аввалин пойгоҳи он дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ифтитоҳ гардидааст.

Шуъбаи иттилоот