Ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ ба ғолиби олимпиадаи ҷумҳуриявӣ диплом тақдим намудаанд

Имрӯз, ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ғолиби олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни забони руси Файзиев Бахтиёрро ба ҳузур пазируфта ба ӯ дипломи дараҷаи |||-ро бо имзои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супориданд.
Ёдовар мешавем, ки Файзиев Б. дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни забони русӣ иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гардид.

Қарор аст, ки дар олимпиадаи навбатӣ аз Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон зиёда аз 100 нафар ширкат варзанд.
Шуъбаи иттилоот