Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ имрӯз аз аҳволи кормандон хабар гирифтанд

Имрӯз, ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ нахуст ба толори кории раёсати таълим ворид гардида аз ҳолу аҳволи кормандон пурсон шуданд ва ба сардори раёсат Осими Оқил ҷиҳати пешбурди фаъолият ва расидан ба натиҷаҳои баландтар дар бахши таълим машваратҳо доданд.

Сипас, ректои донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ аз осохонаи донишкада дидан намуда, ба ҳозирин ҷиҳати навсозии он дастуру супоришҳо доданд.

Муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ баъдан ба толори супоридани имтиҳони давлатӣ ворид гардида, аз ҷараёни имтиҳонсупории донишҷӯёни бахши ғоибона дар ихтисоси таҷҳизоти мошинсозӣ огоҳ гардиданд. Ҳамзамон, роҳбари донишкада ба толори имтиҳонсупории донишҷӯён аз факултетҳои корҳои кӯҳӣ ва электромеханика дидан намуда, ба омӯзгорон ҷиҳати ба таври шаффоф супоридани имтиҳон назорати ҷиддиро талаб намуданд.

Ректори донишкада ба дигар раёсату шуъбаҳо ворид гардида аз наздик бо кормандон суҳбат намуданду аз ҳолу аҳволи онон пурсон шуда, ҷиҳати кӯмак расонидан ба кормандон омодании хешро баён доштанд.

 

Шуъбаи иттилоот