РАЗОЛАТ ВА ШАРАФИ ИНСОНӢ

Ба хотири дастёбӣ ба қудрат сиёсатмадори беобрӯ Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш ба чӣ корҳое қодир нестанд? Шабҳо нақшаи амали навбатии терористиро мекашанд. Даст ба ҷайби хоҷаҳои хориҷӣ бурда пули муфтро ба даст меоранд. Аммо як чиз маро ба ташвиш меорад, ҳамла ба меҳмони хориҷӣ.

    Таъмини амнияти сайёҳ чи хориҷӣ ва чӣ дохилӣ аз шохаҳои муҳими одоби меҳмондорӣ аст. Ин нуктаро ҳодисаи фоҷиабори ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ санаи 29-уми июли соли 2018 дар мавзеи Себистони вилояти Хатлон бори дигар таъкид намуд. Тӯдаи лошахӯрони бетарбия бераҳмона ба як гурӯҳи сайёҳони велосипедсавор ҳуҷум карданд. Ҳамчун сайди дастаи террористон қарор гирифтани сайёҳони хориҷӣ чй маънӣ дошт? Беобрӯ кардани давлат? Ғорати пулу моли сайёҳ? Ноором кардани авзои сиёсии мамлакат? Нишон додани сатҳи меҳмоннавозии миллати тоҷик?

    Ба ҳамин монанд саволҳои гуногун оташи танӯри андешаҳоямро баланд мекунад. Посух меҷӯям ба саволҳоям аз гуфтори фозилон ва андарзи ҳакимон.  

    Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун дар “Фонуси хаёл” андешаҳои ҷолибро ба риштаи тадбир кашида коста шудани ахлоқи ҷавононро давоми даҳсолаҳои охир чун иллати ҷомеа эътироф намудааст. Аммо ин андешаҳо ки ҳанӯз соли 2006 рӯи чопро дидааст, мавриди таҳлили хонандагони ҷавон қарор нагирифтааст. Вагарна чунин ҳодисаҳо сар намезаданд.

“Касе ки бо разолат мудоро мекунад, ба зери по гардидани шарафи инсонии худ низ ногузир тан медиҳад….” (Саттор Турсун, Зимистони умр, “Адиб”, с.2006, саҳ. 330)

Дар саҳифаи дигар:

“Кирдори тӯдаҳои таҷовузкор ба мисли рафтори ашхоси нохалаф метавонад тибқи як қонуни муайяни худ алоҳида ҷараён дошта бошад. Аммо вай ҳеҷ гоҳ наметавонад симои маънавии ин ё он миллатро , чӣ тавре ҳаст, равшан ифода кунад….

(Саттор Турсун, Зимистони умр, “Адиб”, с.2006, саҳ. 337)

Оре, мардуми мо аслан меҳмоннавоз аст.  Сиёсати дарҳои бози давлати мо ба ҳамаи хоҳишмандон имкони боздид аз Тоҷикистонро фароҳам овардааст. Бе ягон мамониат мавзеҳои хушобу ҳавои кишварро тамошою лаззат бурдан барои сайёҳон раво аст.

Фонии Кашмирӣ яке аз шоирони машҳури форсизабони Ҳиндустон ҳанӯз дар асри XVII фармудааст:  

Хор ҳам аз давлати мо дар гулистон роҳ ёфт,

Домани мо ҳар кӣ мегирад, ба ҷое мерасад.

Имрӯз дар гулистони мо роҳ ёфтани хорҳо аз тарбия дур мондани ноболиғону ҷавонон аст.

Ҷавҳари мардӣ чу бошад, ҳоҷати шамшер нест,

Дар камар номардро ханҷар намеояд ба кор.

(Фонии Кашмирӣ, Мунтахаби ашъор, “Ирфон”, с.1986)

Ана ҳамин тарбияи ҷавҳари мардӣ бояд чун оини ҷавонмардӣ ҷомеаи наврасону ҷавононро фаро гирад. 

    Умедворем, нерӯи ақли солим боло мегирад. Амнияти сайёҳ дар ҳар қадам таъмин мешавад. Меҳмоннавозии мардуми тоҷик  бо паҳн кардани дастурхони моддию маънавӣ дар байни сайёҳон боиси ризқи фаровон мешавад.

 

Искандар Иброҳимов,

сармуаллими кафедраи геология ва корҳои нафту гази

Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоӌикистон