Равобити илмию таҳқиқотии донишкада густариш меёбад

Имрӯз, дар утоқи кории муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин  вохӯрӣ бо директори Маркази илмию тадқиқотии Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Расулзода Ҳомидҷон баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур аз ҷониби донишкада муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин ва муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо  ширкат намуда, роҷеъ ба мосили ҳамкорӣ ва машваратҳои илмӣ бо меҳсонон гуфтугӯ намуданд.

Баҳри татбиқи илм дар  истеҳсолот ва ҳамчунин густариши робитаҳои илмӣ-тадқиқотии донишкада бо дигар корхонаҳои саноативу марказҳои пажӯҳишӣ раёсати донишкада имрӯзҳо як қатор корҳоро ба сомон расонид ва чунин мулоқоту машваратҳо баҳри ба роҳ мондани ҳамкорӣ низ идомаи он талошҳо буда, ҳадаф пешрафти соҳа мебошад.

Шуъбаи иттилоот