Дарси амалӣ бо ширкати муовини аввал дар коргоҳи таълимӣ

Имрӯз,  дар раванди гузаронидани дасри амалӣ аз фанни «Абзорҳои бурранда» аз тарафи ассистенти кафедраи таҷҳизот ва технологияҳои мошинсозӣ Холов З.А. дар  гурӯҳи 360101 «Технологияи мошинсозӣ» бахши III, ки дар устохонаи таълимии назди кафедра таҳти роҳбарии мудири устохонаи таълими Очилов Ш.Ҷ. гузаронида шуд, муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин,  мудири кафедраи мазкур н.и.п., и.в. дотсент Қобилов В.А. ва дигар омӯзгорон дар  баргузории дарс  иштирок намуда,  аз кори донишҷӯён дар коргоҳи мазкур шинос шуданд.   Бояд қайд намуд, ки донишҷӯёни ихтисоси 360101 «Технологияи мошинсозӣ» дарсҳои амалиро аз фаннҳои тахассусӣ дар устохонаи назди кафедра мунтазам гузаронида дар дастгоҳҳои технологӣ бе ягон мушкили фаъолият бурда, вазифаҳои дар наздашон гузошташударо пурра иҷро менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки кафедраи таҷҳиҳизот ва технологияи мошинсозӣ, кафедраи тахассуси буда дар он бо тайёр намудани муттахассисон аз рӯи ихтисосҳои 360101 «технологияи мошинсозӣ» ва  361001 «таҷҳизот ва мошинҳои саноати кӯҳи» фаъолият мебарад.

     Кафедраи мазкур дорои устохонаи таълими мебошад, ки дар донишкада ягон аст ва ин устохона бе восита заминагузори асосии ихтисоси технологияи мошинсозӣ барои омӯхтани фаннҳои тахассусӣ мебошад.

Шуъбаи иттилоот