ПЕШНИҲОДЕ, КИ АЗ ИЛҲОМИ МЕҲАНПАРСТӢ САРЧАШМА МЕГИРАД

Аҳли маориф ва равшанфикрони ВМКБ пешниҳод намуданд, ки дар муассисаҳои таълимии мамлакат Суруди миллӣ қабл аз шурӯи дарсҳо садо диҳад. Ин пешниҳодро ҳамчун нишони илҳом аз меҳанпарстӣ ва садоқат ба ин Ватани маҳбуб хеле хуб қабул намуда, мавриди амал қарор медиҳем. Зеро аз чанд ҷиҳат ин пешниҳод муҳим ва хеле муҳаббатзост.

Ҳамон гунае, ки хуб шоҳидем Суруди миллии ҳар як қавму миллат ифодагари марому мақсад ва ормонҳои ӯст. Ва Суруди миллии мо низ барои ҳар як насли нав паёмест  ба роҳи меҳанпарастиву муҳаббат ба ин сарзамини аҷдодӣ. Ин суруд паёмест аз имрӯзиён ба фардоиён. Зеро ҳамон гуна, ки хуб медонем дар ин суруд муаллиф кӯшидааст, то воқеиятҳои таърихро, ормонҳои хуфтаро ба риштаи назм дарорад ва як пайванди мустаҳакаме барои насли нав бифорад, ки вақти хондани он ҳамаи моро эҳсос ва шаҳомати ватандориву соҳибватанӣ ҷӯш мезанад ва мо метавонем ба ин восита байни ҳамдигар суҳбат намоем ва розӣ дил кунем.

Суруди миллӣ ин худ як даъват ва як ифтихори соҳибватан аст. Суруди миллӣ моро ба ваҳдат даъват менамояд, сарҷамъ месозад ва бар ҳимояи ватани маҳбуб бармехезонад. Бо шунидани Суруди миллӣ мо метавонем аз бузургтарин ҳолати қаҳрамонии абармадони миллати тоҷик ёдрас шавем, диламонро гарм созем ва худ сипари боэътимоди ин ватани нозанин бошем.

Қироати Суруди миллӣ ба насли наврас аллакай як таъсири мусбиро дар дилаш бедор месозад ва аз овони барвақтӣ ӯро ба ватандӯстиву меҳанпарастӣ роҳнамун мегардонад.

Вақте насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия меёбад, вай метавонад дар вазнинтарин ҳолат ҳам кишвар ва халқашро аз душман ҳимоя кунад ва бар зидди хоинони миллат мубориза барад.

Пешниҳоди мазкурро қабул намуда, тавсия медиҳем, ки фавран мавриди амал қарор дода шавад, то насли наврас ва ҷавон бештару беҳтар дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия ёбанд.

М. Саидов

омӯзгори ДКМТ