Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилкушои ҷомеа

Бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки ҳар як Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар асоси худ роҳи расидан ба ниҳояти нек ва иҷрои ҳадафҳои созандаи халқи заҳматкашу матинирода, ватандӯсту худшиноси сарбаланди Тоҷикистонро дорад.  Паёмҳои Президенти кишвар саривақти буда, онро тамоми халқ, хусусан аҳли зиё хуш пазируфтаанд. Ҳар Паём баҳри рушду нумӯъи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳанги кишвари  соҳибистиқ-лоли тоҷикон мақоми бузургеро иҷро менамоянд  ва  ҳар як фардро водор  месозад, ки  ҳисси масъулияташро дучанд намуда,  баҳри пешрафту тараққиёти хоҷагии халқи ҷумҳурӣ саҳмгузор бошад.

Дар Паёми навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои махсус доир ба рушди илм, маориф, дониш, маърифат пояҳои аслии таъмини суботи сохти конститутсионӣ, сулҳ ва оромии ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи илму маорифро дар сиёсати давлатӣ пайваста дар ҷойи аввал мегузоранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди илму маориф тамоми  имконияти худро истифода мебарад ва маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳад. Рушди низоми маориф Тоҷикистон ва расидан ба сатҳу сифати ҷаҳонии таҳсилот яке аз муҳимтарин рукнҳои сиёсати иҷтимоии Сарвари давлат мебошад.

Пешвои миллат дар Паём вобаста ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир кулли мардуми кишвари моро ба доштани ҳушёриву зиракии сиёсӣ даъват намуданд.

Албатта, ҳар як шаҳрванди кишвари азизамонро зарур аст, ки ҳамеша ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, бар зидди ҷараёнҳои тунрав муборизаи беамон барад. Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умуминсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад.

 Дар охири Паём Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми мардуми Тоҷикистонро ба он ҳидоят намудаанд, ки бо шукргузорӣ аз Истиқлолияту давлату миллат ба Ватани азизи худ содиқ бошанд, Ватанро дӯст доранд, баҳри ободиву шукуфонии он софдилона меҳнат намоянд ва музаффариятҳои Истиқлолиятро ҳифз намоянд.

Мирзоахмедов М.

мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ