ПАШШАХОНА Ё ХУД НАҲСХОНАИ НАҲЗАТӢ

Агар бигӯем, ки инсоният аз рӯзи нахуст ба ғизо ниёз дошт, андак иштибоҳ хоҳад буд ва ҳатман сари ин масъала баҳсҳои зиёде рӯ хоҳад зад ва ҳар нафаре бо хости худ ин масъаларо пайгирӣ хоҳад намуд. Дар ин ҷо боз фейкҳои наҳзатӣ ҳам худро мечаспонанд ва аз худ як донандаи дину мазҳаб тарошид, аммо дертар бо пайдо шудани далелҳои қатъӣ ғайб мезананд ва ин борҳо мушоҳида шудааст. Зеро аксарияти наҳзатиён донишҳои нодуруст ва бар хилофи мазҳаби моро гирифтаанд ва ҳамчунин онҳоро ҳамон наҳзатиёне дарс додаанд, ки худ солҳои 90-ум ояву сураҳои қуръониро нодуруст шарҳу тавзеҳ дода мардумро ба гумроҳӣ мебурданд. Пас худ қазоват намоед, ки чӣ тавр як ҷамоати гумроҳ ва бесавод дарси ибрат медиҳад дигаронро?

Ҳамин хел як маҳшар меороянд наҳзатиёни дур аз саводу фарҳанг, аммо намеандешанд, ки ҳамин ҳамлаҳои аблаҳонаашон садҳо ҷавонро ба роҳи нодуруст мебарад ва маълумоти нодурустро фаро мегирад ва ҳамин аст, ки мегӯянд “Нодон агар чизе фаҳмад, кӯшиш мекунад онро ҳамчун олим ба мардум гӯяд”, аммо баъд мисли пистаи бемағз расво мешавад.

Ҳамин ҳолатро борҳо мушоҳида намудем ва борҳо дидаем. Кулли ҷамъияти наҳзатиён аз ҳамин шева кор мегиранд ва бо ҳамин роҳ мехоҳанд ба ҷомеа таъсир расонанд, лек ин таъсиррасонӣ ҳамин хел беҳуда набуда, боз маблағгузорӣ ҳам мешудааст, ки бисёр тааҷубовар аст. Яъне аъзоёни ТТЭ ҲНИ пайваста аз ҷониби кишвари ба кишвари  мо маълум маблағгузорӣ мешудаанд, ки ин як хиёнаткорист. Зеро дидаву дониста наҳзатиён мардумро ба гумроҳӣ мебаранд, то ҳақиқатро пинҳон доранду ҷомеаро сарсон созанд, чун ин пеша ва мақсади мароми онҳост ва наҳзатиён ҳамин аъзоёни ТТЭ ҲНИ як маротиба бо ҳамин роҳ кишварро ба хоку кашиданд, ҷомеаро хунолуд сохтанд, зиёда аз 160000 қурбонӣ ба ҷо гузоштанд, як миллион нафарро гуреза карданд, зиёда аз 10 миллиард доллар ба иқтисодиёти кишвар хисороти моддӣ оварданд, ки ин як талафоти бузург мебошад. Пас чӣ тавр ин наҳзатиёни манфур ва хоинро душмани миллат наномем?

Ҳоло дигар аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба дасисабозиву иғвобарангезӣ машғуланду имрӯзҳо дар хориҷ аз кишвар ба гумроҳсозии миллат талош мекунанд, ки як талоши беҳуда аст. Чунки миллат ҳақиқати наҳзатиёни душман ва хоинро фаҳмид, пардаи ниҳондори асрори наҳзатиён дарафтид ва дигар чизе барои миллат пӯшида нест ва дигар бо ин барномаву туҳматномаҳояшон наҳзатиён миллатро наметавонанд гумроҳ созанд. Дер боз аст, ки аъзоёни ТТЭ бо ниқоб баромад мекарданд ва хушбахтона имрӯзҳо ин ниқоб шикаста шуд ва воқеияти наҳзатиён ифшо гардид. Ҳамкории ТТЭ ҲНИ бо созмонҳои террористӣ ва хадамоти ҷосусии як қатор кишварҳо худ як далели муътамад барои шинохти ин хоинон ва хиёнаткорони наҳзатӣ аст. Танҳо пас аз соли 1997 то соли 2015 аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар қаламрави кишвар зиёда аз 30 амали террористӣ содир кардаанд, ки ин бузургтарин хиёнати як ташкилоти он вақт расман сабтиномшуда мебошад.

Созмонҳои байналмилалӣ бо дарки ин ҳама воқеият ва таҳлили  амалҳои террористии аъзоёни ТТЭ ҲНИ ин ташкилоти террористиро дар рӯйхати ташкилотҳои террористии хавфнок ва хатаровар ба ҷомеаи башарӣ қарор додаанд, ки сад дар сад шинохти дуруст мебошад.

Пас аз он ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба хориҷ аз кишвар фирор намуданд, чандин созмонҳои ифротӣ ва сомонаҳои таблиғгари ғояҳои ифротиро таъсис додаанд, ки мақсаду мароми ин сомонаҳо гумроҳсозии миллат мебошад ва ҳар тоҷику тоҷикистонӣ бояд дар ин марҳалаи душвор зиракии сиёсии худро аз даст надода, бар алайҳи душманони миллат мубориза баранд ва ин наҳзатиёни хиёнаткорро, ки зархариду ғуломи хоҷаашон ҳастанд, мубориза баранд ва ҳақиқатро бар даҳонашон бизананд, то ҷомеа ба гумроҳӣ наравад.

Аслан метавон ин ҳама ҳам-ҳамаву ҳав-ҳав ва воҳимаи наҳзатиёнро бо як ибораи пашшаҳои олами наҷосат ё худ манфурони хонаи наҳсият, яъне ТТЭ ҲНИ номид, зеро танҳо чунин паразитон бар алайҳи миллату инсоният мубориза мебаранду халос.

Дилмуроди Вафо

таҳлилгар, ДКМТ