ПАРЧАМЕ КИ БОИСИ ИФТИХОР АСТ

Ба озмуни “24-ноябр Рузи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”                                

 

Ту парчами саодати,

Ту партави мухаббати.

Ба дасти зиндагони худ,

Ту нусрати садокати.

Бо ташаббусхои бевоситаи Асосгузори сулху Вахдати мили,Пешвои миллат Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон парчами давлатии Чумхурии Точикистон 24-уми ноябри соли 1992 дар Ичлосияи 16-уми Шурои олии Чумхурии Точикистон кабул карда шудааст. Агар назаре ба таърих афканем парчамдории  точикон хеле бою гани буда аз каъри асрхо сарчашма мегирад. Чуноне,ки  устод Абулкосим Фирдавси  дар асари безаволи хеш «Шохнома» овардаанд Коваи охангар пешдомони чармини хешро бо нуги найза баста бардошта мардумро ба мукобили Заххоки золиму исёнгар сафарбар намуд.Мардум бо дастгирии Кова ва сардории Фариддун дар муборизаи бар зидди зулму ситам пируз гардиданд. Ва аз хамон руз инчониб дирафши Ковиёни чун парчам ва ливои озодию озодию адолат мардумро бапирузи рахнамои менамуд. Ачдодони заковатманди мо тули солиёни тулони зери парчами хеш саф кашида тамоми арзишхои милли забони мили ва бо хамбастагиву якдили мероси пургановатеро аз бузургон то замони оварда расонидаанд. Имрузхо парчами Чумхурии Точикистон рамзи муборизаву чоннисорихои халк барои озоди ва сулх нишонаи бахту икболи сафед, умеду орзуи халк, сарсабзиву сарбаландии мардум,ва саъю талош бахри адолатпарвари пеша менамояд.  Чуноне ки  , Пешвои миллат дар яке аз баромадхои хеш кайд кардаанд:»Парчам нишони сарфарозихои мардуми точик,далели шухрату икболи баланд ва шукухафзоии истиклоли кишвар,инчунин баёнгари ормонхои миллат ва шуълаи имони  мардуми бо нангу номуси Точикистони сохибихтиёр мебошад. Парчам барои миллат ахтар ва барои лашкар кудрат аст. Чилваи Парчам шабехи  болафшонии бахту икбол аст».Парчами давлатии Чумхури Точикистони сохибистиклол , ки тору пуди он аз хуни поки шахидон , шири сафеди модарон, ва орзухои начибу нияти неки халкамон  ва бузургони миллат сиришта шудааст. 24-уми ноябри соли 2011 дар пойтахти мамлакат шахри Душанбе парчами давлати бо баландии 165 метр парафрохта шуд,ки дарозии матои он 60 метр ва пахноиаш ба 30 метр баробар барафрохта шуд,ки он аз чихати баланди дар чахон бузургтарин эътироф шуда,ба китоби Гиннес ворид гардидааст.

Соли равон, аниқтараш санаи 23-октябри соли 2018,  шахсан  ба ман муяссар гардид,ки дар кушодашавии боғи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ки дар маркази шаҳри Бӯстон бо иштироки Асосгузори сулху Вахдати мили,Пешвои миллат Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон баргузор гардид, ширкат варзам.

Парчами давлатии Точикистон барои хар як шахрванди Чумхури нишонаи давлатдори Вахдати мили ва бехтарин василаи  тарбияи ватандусти барои мо чавонон мебошад.Бигзор парчами мо хамеша болои давлати махбубамон парафшон бошад ва мо чавонон хамеша эхсоси гарми ватандори намуда бахри ободии ватанамон кушиш намоем.

Гурури мо, сари болои мои, парчами мили ,

Чу машъал халки моро рахнамои, парчами мили.

Ба хар ранги ту рамзе аз саодатхо паём  орад,

Рамузи миллати сар бар самои , парчами мили.

 

Ваҳдатшоҳ Мариншоев

Донишҷуи бахши якуми ихтисоси 270101-09 “Б”

иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот

факултети металургияи ДКМТ