ПАЙОМАД: ТТЭ ҲНИ УСТУХОНЕ ДАР ГУЛӮИ АВРУПО ХОҲАД БУД

Қавме, ки ба шайтон бовар мекунад, ҳайсияти инсонияшро аз даст медиҳад. Воқеан ҳам, имрӯз тӯдае аз авомфиребони наҳзатӣ ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа ва фиреб додани мардум, то кунун иғвобарангезиву дасисабозӣ мекунанд, ки корест нобахшиданӣ ва амалест аз ҷонибини наҳазтиёни манҳус шайтонӣ!

Яке аз чунин намунаҳои шайтонсифативу ҳиллагарӣ худи М. Кабирӣ роҳбари террористони наҳзатӣ мебошад, ки бар ивази пул бар Ватан ва миллат хиёнат мекунад. Бар алайҳи миллат меҷангад, ки ин набояд бахшида шавад ва ҳамзамон ин рафтори М. Кабирӣ боз маълум менамояд, ки наҳзатиён дигар аз табори инсоният нестанд ва махлуқе бо хислати шайтониву нафси ҳайвонӣ мебошанд.

Ҳоло бар ивази пул М. Кабирӣ дину мазҳабашро фурӯхтааст ва аз барои пул омодааст, зану духтаронашро ҳам ба ҳарами хоҷагони охундияш дарорад, ки ин пасттарин хислатҳо дониста мешавад. Аммо М. Кабирии террорист ва сарвари гумроҳшудагони наҳзатӣ умуман дар ин масъала андеша надорад, чунки мағзашро хоҷагони хориҷияш бо пул сӯхтаанду ақли инсонияшро рабудаанд ва ҳамаи наҳзатиён ҳамин хел тирҳои бемағзи туфанги душманои миллат гардидаанд. Феълан маълум аст, ки ҳам аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва ҳам дигар хоинони миллатро охундҳо сармоягузорӣ мекунанд ва барои дасисабозиву иғвобарангезӣ бар онҳо маблағ медиҳанд, вале чаро кишварҳои Аврупо ба наҳзатиён макон додаанд? Ин суолест, ки ҳанӯз ҳам матраҳ нашудааст ва  бояд дар ин масъала аврупоиён сари андеша биёянд, зеро наҳзатиён кунун море дар остони Аврупо ҳастанд ва ҳатман рӯзе заҳр хоҳанд зад, ки дигар пушаймонӣ суд надорад.

Аслу ҳадафи наҳзатиёни террорист ин хиёнат бар насли башар мебошад ва ҳоло мебинем, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо сармоягузории хоҷагони хориҷияшон ба Аврупо роҳ ёфтаанд ва ҳатман дар он ҷо мавриди лона мемонанду шакли нави терроризм ва эксремизмро роҳандозӣ намуд, ки он вақт устухоне дар гулуи аврупоиён хоҳанд буд.

Сарварони манфури ТТЭ ҲНИ як маротиба дар Афғонистон ҷой гирифтанд ва созмони террористии “Ансоруллоҳ”-ро таъсис доданд, ки имрӯз аз шабакаҳои хатарноки террористии “Толибон” дониста мешавад ва аллакай чандин амалиётҳои террористӣ дар қаламрави Афғонистон гузаронид.

Дар Аврупо ҳам ҳатман аз ҷониби наҳзатиёни террорист ҳамин шакли кор ба роҳ монда мешавад ва он ҷо, ки имрӯз ТТЭ ҲНИ чандин созмонҳоро таъсис додааст, ҳатман як созмони нави террористӣ зуҳур мекунад ва ин сад дар сад амиқ аст. Зеро тахмин задан дар ин масъала нашояд, чунки таҷрибаи фаъолияти ТТЭ ҲНИ ҳамин чизро бозгӯ менамояд.

Хулоса кардани он, ки имрӯз ТТЭ ҲНИ фаъолияташро тағйир медиҳад нодуруст аст ва фақат ин чиз маълум аст, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба гунаи аврупоӣ фаъолияти террористӣ хоҳанд бурд, ки ин шакл комилан нав мебошад ва асосгузори шабакаҳои террористӣ дар Аврупо дигар М. Кабирӣ хоҳад буд. Фурсат аст, ки созмонҳои байналмилалӣ аз оқибати даҳшатбори фаъолияти ТТЭ ҲНИ ҷомеаро огоҳ созанд ва Аврупо худро зудтар аз доми макру ҳиллаи наҳзатӣ берун кашад.

Дилмуроди Вафо

таҳлилгар, ДКМТ