ПАЙМОНШИКАНИ НАҲЗАТӢ ВА ЛУХТАКБОЗИҲОИ СИЁСӢ

Дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар саросари кишвар руҳияи идона буд. Ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва ифтихор аз Ватандориву давлатдории миллӣ таҷлил карда шуд. Ин рӯйдоди муҳим бо баргузор гардидани чорабиниҳои фарҳангӣ, ба истифода додани объектҳои иҷтимоӣ ва гузоштани санги асос ба иншоотҳои муҳимӣ ҷамъиятӣ алоқаманд буд. Ҳамчун шаҳрванди давлати соҳибистиқлол, ки дар он ҳуқуқ ва озодиҳои инсон арзиши олӣ эътироф гардиданд зарур мешуморам аз ҳуқуқи конститутсионии худ, яъне озодии сухан истифода намуда перомуни як чанд масъалаҳо ибрози ақида намоям.

Муддате мешавад аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ ба мисли Ҳизби наҳзати ислом дар ВАО ҳар гуна маводҳои иғвоангез нашр гардида истодаанд. Дар ин маводҳо аввалан барангехтани кинаву адоват ва низоъ дар байни мардум ва дуюм, ба сарпарастони хориҷии худ нишон додани фаъолии худ мебошад.

Албатта боиси шарм аст, ки чунин амалҳо аз ҷониби шаҳрвандони гумроҳ, бефарҳанг ва ба пулу моли хориҷиён додашуда содир карда мешаванд.

Таърих гувоҳ аст, ки хиёнаткоронро на қонун мебахшаду на ҷомеа, аммо шахсони Ватандӯст ҳамеша гиромӣ дошта мешаванд. Шахсиятҳое ба мисли Муқаннаъ, Спитамен, Темурмалик ва дигарон бар зидди душманони миллат бархеста ҷони худро дар роҳи озодӣ ва ҳифзи сарзамини худ дареғ надоштанд. Имрӯз мардуми тоҷик дар атрофи Президенти қонун интихобгардидаи худ муттаҳид гардида бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро пеша намудаанд, ки дар он ҳуқуқ ва озодиҳои инсон арзиши оли эътироф гардидааст. Азму ирода ва мақсадҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки мардум сарҷамъ, осудаву озод ва боумед ба ояндаи нек ҳаёт ба сар мебаранд. Аммо чунин ҳолат гуруҳҳои хиёнатпешаву манфиатҷӯи террористиро осуда гузошта наметавонад. Онҳо ба ҳар васила ба ин ҳама пешравиҳо чашм пӯшида, сиёсати имрӯзаи давлатро ба фикри кӯчаки худашон “зери танқид” қарор дода, худро пеши хоҷагонашон “ширин” менамоянд

Тавре аз расонаҳо огоҳ шудем 4 созмони ба қавле “оппозитсионӣ” – ҳизби террористии наҳзати ислом ва се ташкилоте, ки худи наҳзатиёни хоин бо номҳои назарфиреб ба таври сунъӣ сохтаанд, яъне Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Анҷумани озодандешони тоҷик ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, дар Варшава ба таври масхараомез байни худ “созишнома” имзо кардаанд ва иттиҳоде бо номи “Паймони миллии Тоҷикистон” таъсис додаанд.

Воқеан хандадор ва шармовар аст ин паймонро “миллӣ” унвон кардан, зеро наҳзатиёни хиёнатпеша, ки тамоми афроди солимақл аз онҳо рӯй гардонд, радди маърака шуданд ва ба ҷуз хоҷагони хориҷиашон барои ҷомеаи солим нодаркор гаштанд, худашонро аввал пора-пора карданд ва баъд боз байни пораҳои худ “паймон” бастанд. Аҷаб мантиқе! Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Шарофудин Гадоев ва Илҳом Ёқубов, ки гӯиё чор гурӯҳи алоҳидаи “мухолифин”-ро намояндагӣ карданд, ҳамагӣ узви мафияи террористии наҳзат ҳастанд. Ба ин беругиву рӯсиёҳӣ, ки бе ягон зарра хиҷолат ҳар чори ин нафарон саҳнаи имзои созишномаро бозӣ мекунанд, ангушти ҳайрат газидан мумкин. Ин намоиши тақаллубӣ нишон дод, ки ҳизби наҳзатро ҳатто ҳизб ҳам гуфтан мумкин нест, ҳатто ҳизби террористӣ ҳам бошад. Онҳо гурӯҳе иборат аз чор қаллоби мардумфиреб ҳастанд.

Дар ин росто фаъолони ҷомеа, хусусан нафароне, ки дар дунёи сиёсат гармиву сардиҳои зиёдро дидаанд, бояд ба ҷавонон ҳушдор диҳанд, ки аз ин қаллобон барҳазар бошанд, фирефтаи доми онҳо нагарданд ва ба ҷойи таваҷҷуҳ ба сирксозиҳои ин қаллобон бештар ба рушду ободии Ватан таваҷҷуҳ намоянд. Ин бадхоҳон аллакай лухтаки дасти бегонагон гаштаанд ва режисёри ин саҳнаи онҳо хоҷагони хориҷиашон ҳастанд. Мақсади ягонаашон бошад ноором кадани фазои сиёсии Тоҷикистон аст.

Аммо ин бадхоҳон ҳеҷ гоҳ наметавонанд ба он мақсадҳои нопоке, ки дар солҳои навадум расида буданд, дигарбора расанд. Чашми мардум кушода шудааст ва онҳо некро аз бад, сиёҳро аз сафед фарқ мекунанд. Барои мардум дигар манфиатҳои миллӣ ва сулҳу оромӣ болотар аз ҳангомаҳои ин бадхоҳон аст.

Агар ба таърихчаи сиёҳи наҳзатиён назар кунем, фаъолияташаон нахуст ҳамчун “мусичаи бегуноҳ” аз мағзшуии ҷавонон оғоз гардида, баъдан ба қатлу куштор ва террори мардуми бегуноҳ анҷомид. Инак, пас аз муддате дар пушти пардаҳо машқи террор кардан, боз ба саҳнаи ҳангомаҳо ворид гардид. Хусусан, пас аз таъсисёбии ДИИШ сиёсати террористии наҳзатиён боз ҳам фаъол гардид. Наҳзатиён аз ғалабаҳои муваққатии гуруҳи террористии “Ихвонулмуслимин” дар Миср ва ДИИШ дар Ироқу Сурия рӯҳбаланд гардида, дар Тоҷикистон амалиётҳои нопоки худро боз ҳам фаъолтар намуд. Дар баробари як қатор ҳодисаву воқеаҳо, аз ҷумла кӯшишӣ табадулоти ҳарбӣ, имсол воқеаҳои нангини дар шоҳроҳи Душанбе-Кулоб рухдода, ки наҳзатиён содир намуданд, боиси тааҷӯби мардуми кишвар гардид. Дар куҷо дидаед, ки тоҷик меҳмони худро бикушад. Наҳзатиён бо ин амали нангинашон дигарбора собит кардаанд, ки заррае аз ҳуввияту асолати милливу эмонӣ дар вуҷудашон нест.

Умуман, дар тамоми нооромиҳое, ки дар муддати ин 27-сол дар Ҷумхурии тозаистиқлоли мо ба амал омада бошад, пайи пойи наҳзатиёни хоинро дидан мумкин аст.

Ин масхарапаймоне, ки ҳамакнун наҳзатиён байни худ бастанд, бори дигар аз оғози анҷоми корашон шаҳодат медиҳанд, мисли шахси дар сакароти ҷон, ки хона равшан мекунад…

Агар ба амалҳои чунин ба ном паймонҳо назар андозем мебинем, ки дар рушди имрӯзаи Тоҷикистон ба ҷуз аз зарар чизе наовардаанд.
Чанде қабл дар ҳошияи нишасти САҲА оид ба андозагирии ҳуқуқи инсон дар Варшава аз ҷониби мафияи наҳзатиҳо боз фитнае ба кор бурда шуд. Онҳо навиштаҷотеро бо номи “озод намудани маҳбусони сиёсӣ” ба собиқ намояндаи худ доданд. Дар ин ҳолат низ онҳо амали “найрангро” ба кор бурданд. Бинобар он, ки намояндаи собиқи онҳо забони хориҷиро чандон хуб намедонад инро ба назар гирифта бо забони хориҷӣ навиштаҷотро ба дасти ӯ доданд. Бо чунин амал онҳо мехостанд намояндаи собиқи худро дар ҳолати ногувор қарор диҳанд. Чунин амал аз ҷониби ба қавли содиркунандаи ин амал, ки дар навор худро “кӯдак” меҳисобад иҷро гардидааст. Муноқишаи бавуҷудомада низ таҳрезигардада буд.
Талаб намудани озод кардани ҷинояткорон ва унвон намудани онҳо ҳамчун “маҳбусони сиёсӣ” як амали хандаовар мебошад. Ҷинояткор шахсе мебошад, ки кирдорҳои вай ба ҷамъият хафнок дониста, барои ин амал ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар гардида, аз ҷониби суд гуноҳи вай исбот гардидааст. Агар гуноҳи шахс барои содир намудани ҷиноят исбот гардида бошад, пас вай ҷинояткор аст на маҳбуси сиёсӣ. Худи онҳо инро хуб дарк менамоянд, зеро тули солҳо дар мақоми қонунгузор намояндаи ҳизби худро доштанд. Дар раванди қонунэҷодкунӣ иштирок ва овоз додаанд. Акнун бошад қонунҳои қабулнамудаи давлатро ғайридемократӣ унвон менамоянд. Ин ҳолатро метавон бо он маънидод намуд, ки дар интихоботи Парлумонӣ ноком гардиданд. Аммо мағлубиятро бояд “мардонавор” қабул намуд. Ба мисли онҳо дар интихоботи Парлумони дигар ҳизбҳо низ ноком гардиданд, аммо онҳо мағлубияти худро эътироф намуда барномаҳои нави кории худро барои интихоботи минбаъда коркард карда истодаанд.
Амалҳои чунин гуруҳҳо аз аввал хиёнаткорона буд. Онҳо сараввал номи исломро дар ҳизби худ сӯистифода намуда, бо ин роҳ мардумро, ки муддати зиёд аз ислом ва дин маълумоти зарури надоштанд истифода намуданд. Аммо бо гузашти вақт мардум исломро бо маънои томаш дарк намуд ва аз ин ҳизб даст кашид. Зеро дини ислом ба ягон гуна ҳизб эҳтиёҷ надорад. Ҳатто намояндагони воломақоми онҳо аз кардаи худ пушаймон гардида, иқрор шуданд, ки амалҳои онҳо аз ҷониби хориҷ маблағгузорӣ карда шуда, ҳадафҳои дигарро пайгирӣ менамуд.

Як ҳолат равшанӣ андохтанро талаб менамояд. Аз ҳисоби кадом сарчашмаҳо роҳбарони ин ҳизби террористӣ дар давлатҳои Аврупо зиндагӣ менамоянд. Барои рӯзгузаронӣ сарчашмаи молиявӣ лозим аст. Ҳол он ки дар давлатҳои Европа дар қиёс бо Тоҷикистон зиндагӣ намудан ба маротиб гаронтар аст. То ҷое маълум аст, роҳбарони ҲНИТ тули зиёда аз 15 сол дар мақоми вакили Парлумон кору фаъолият намудаанд. Қонун ба онҳо ба ҷуз аз фаъолияти илмию эъҷодӣ ва омӯзгорӣ дигар намуди фаъолияти соҳибкориро иҷозат надодааст. Пас маълум мегардад, ки дар рафти фаъолияти кории худ онҳо талаботи қонунро вайрон намудаанд, ё аз ҷониби дигарон барои ноором сохтани вазъ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешаванд.

Чанде қабл дабири анҷумани озодандешони Тоҷикистон аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват кард, ки ба амри Президент оид ба ҷавобгарӣ кашидани ҷинояткорон ва дар ҳолати итоат накардан истифода намудани чораҳои қатъи баҳои ҳуқуқӣ диҳанд. Бояд гуфт, ки суханони Президенти кишвар зарурат ба баҳои ҳуқуқи доданро аз ҷомеаи ҷаҳонӣ талаб намекунад. Тибқи талаботи қонунгузорӣ Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Суханони Президент пеш аз ҳама ба хотири ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон нигаронида шуда буд. Пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ яке аз вазифаҳои давлату Ҳукумат ба ҳисоб меравад. Чаро ин гуруҳҳо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳо дадани амалҳои ҷинояткоронаи худро талаб намекунанд. Амалҳои ҷинояткоронаи худро нодидагирӣ менамоянд. Фазои сулҳу субот, ки имрӯз дар тамоми ҳудуди Тоҷикистон танинандоз аст нишонаи сиёсати дурусти давлату Ҳукумат мебошад. Соли ҷорӣ агрегати якуми нерӯгоҳи обии барқии Роғун ба кор андохта мешавад. Сохтмони ин неърӯгоҳ сохтмони аср унвон гирифта аст. Дар замони соҳибистиқлолӣ мо дастовардҳои зиёд дорем. Имрӯз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон дар тамоми фасли сол ба ҳам пайваст буда, рафтуомад ва муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ густариш ёфта истодаанд. Аммо намояндагони чунин наҳзатипаймон дар тули 20 сол кореро анҷом надоданд, ки ба манфиати ҷомеа бошад.

Ба қадри ҳамаи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ бояд расид. Ба ҳар гуна фитнаву ҷангандозиҳо бояд дода нашавем. Албатта мушикилиҳо низ айни ҳол дар Тоҷикистон ҷой доранд. Аммо онҳо бартарафшаванда мебошанд. Аз паси ислоҳи камбудиҳо шудан лозим.
 

 

Зуҳро Чалолова,

омузгори кафедраи забони давлати ва забонхои хоричи

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

шонздаҳ + чор =