Тамошои дастаҷаъмонаи футболи дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ДКМТ

Имрӯз қабл аз оғози бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар давлати Қатар дар толори маҷлисгоҳи асосӣ, ки экрани калон монда шуда буд, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Миршакар Ҷалолзода, муовини раиси шаҳри Бӯстон Хуршед Сатторзода бо ҳозирин суҳбат намуда, умедвории хешро ба аз натиҷаи бозӣ иброз доштанд.
Сипас, бо шиори “Тоҷикистон ба пеш”! ҳамагон бозии дастаи мунтахабро мустақиман тамошо намуданд.