Оғози имтиҳони магистрони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон аз санаи 12.01.2021с. сессияи имтиҳонии магистарнтон оғоз гардид, дар ин бора ба шуъбаи иттилоот сардори шуъбаи магистратура ва аспирантураи донишкада Валиева Мастурахон хабар дод.

Тарве, иттилоъ ёфтем, дар рӯзи нахустини имтиҳонсупорӣ ҳамаи магистрони курсҳои 1 ва 2 имтиҳон супорида бомуваффақият имтиҳонҳоро ҷамъбаст намуданд. Ҳини имтиҳонсупории магистрон сардони шуъба Валиева Мастурахон, Исозода Шероз ва дигар кормандони Маркази тестӣ ва бақайдгирии донишҷӯён ҷараёни имтиҳонҳоро назорат менамуданд, то имтиҳонҳо ба таври шаффоф ва озод гузарад.

Ёдрас мешавем, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар бахшҳои магистратура аз рӯйи 6 ихтисос магистрон таҳсил менамоянд ва тамоми шароитҳо барои онҳо муҳайё карда шудааст.

М. Сайидзода