Онро ки хабардор нест, хабардор тавон сохт

Дар доираи нақшаи тадбирҳои маърифатии Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ба мақсади ҷилавгирӣ аз шомилшавии ҷавонону наврасон ба гуруҳҳои ҷиноятпешаи ифтрогаро ва терористӣ дар днишкадаи куҳӣ металлургии Тоҷикистон бо иштироки сардори хадамоти пешгирии ҷиноят байни нобоғион лар  Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд полковники милиса Баҳром Саидзода  ва намоняндаи  ШКВД дар шаҳри Бустон капитани милиса Рустам Файзидинзода мулоқоти судманд доир гардид. Таъкид гардид, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу суботи кишвар барои таҳсили донишҷуён шароити хуби таҳсил фароҳам оварда шудааст. Боқӣ худи донишҷуён бояд ҳушёрию зиракиро аз даст надода, пайваста барои такмили дониши худ саъю кушиш ба харҷ диҳанд. 

Дилро тиҳӣ аз сурати ағёр тавон сохт,

Онро ки хабардор нест, хабардор тавон сохт.