Омӯзгорони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон қадрёбӣ гардиданд

Имрӯз, санаи 15.12.20 дар толори Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд маҷлиси тантанавӣ ҷиҳати қадрдонии кормандони макотиби олии вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар ҷаласаи имрӯза пас аз баромади ҳайати расмӣ қадршиносии кормандони соҳа сурат гирифт, ки дар он ду нафар омӯзгорони донишкада н.и.и. Собирова Ш.Р.  ва сармуаллими кафедраи фанҳои умумитехникӣ Ғаффоров С. низ бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрёбӣ гардиданд.

Ёдрас мешавем, ки сипоснома ва туҳфаҳоро ба кормандони соҳаи маориф раиси Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илм дар вилояти Суғд Мироватов Мӯсо супориданд.