“Зарар ва манфиати телефонҳои мобилӣ”-баҳси имрӯзаи маҳфили илмӣ-амалии донишҷӯён

Дирӯз  дар толори видеоконфронси Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон маҳфили илмӣ-амалии донишкадавӣ дар мавзӯи “Зарари телефони мобилӣ” баргузор гардид. Дар маҳфил аъзоёни маҳфилҳои донишкада ва омӯзгорони ҷавон иштирок намуданд. Сипас,  Насриддинов Умедҷон, донишҷӯи бахши 4, гурӯҳи 430103-01(р) ихтисоси “Таъминоти барқ”-и факултети электромеханика Раиси ҷамъияти илмии донишҷӯёни донишкада бо маърӯзаи худ баромад намуда, ба ҳамагон оид ба таърихи пайдоиши телефони мобилӣ, зарари телефони мобилӣ ба саломатии инсон ва атрофиён, тарзи дуруст истифода бурдани он ва андешаҳои олимон нисбасти мавзӯи интихобнамудаашро муҳокима намуд.

Дар рафти чорабинии мазкур, аз тарафи Насриддинов У, ба аҳли нишаст пурсишномаи озод ба тариқи тест тақсим карда шуд, ки ҳамагон фаъолона ба саволҳои тестӣ ҷавоб доданд. Дар интиҳо, аз кори маҳфили имрӯза  бо саволу ҷавоб, пешниҳодҳо ва дигар масъалаҳои марбути ба мавзӯъ, натиҷагирӣ карда шуд.

                                         Қодирова М.В

мутахассиси шуъбаи илм ва инноватсия