Омӯзгорони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар ҶСК “Ангишт”

Санаи 12.01.2021с. як гурӯҳ омӯзгорони кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ бо роҳбарии мудири кафедра Юсупов Саид-Акрамхоҷа баҳри аз наздик ошно гардидан бо вазъи кунунӣ ва ҷоннок гардонидани кори филиали кафедра дар ҶСК “Ангишт” ба шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара сафар намуданд, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот мудири кафедра Юсупов А.М. хабар дод.

Мақсади сафари гурӯҳи омӯзгорон ба ҶСК “Ангишт”, ки дар он ҷо филиали кафедраи мазкур қарор дорад, боз ҳам беҳтар намудани ҳамкориҳо ва густариш бахшидан ба самти истеҳсолон ва канданиҳои фоиданок ва татбиқи илм дар истеҳсолот мебошад. Минбаъд, донишҷӯёни ихтисосҳои кафедра бе ягон мушкилӣ метавонанд дар филиали кафедра корҳои таҷрибаомӯзӣ ва таҳқиқотиро дар конҳои ҶСК “Ангишт” анҷом диҳанд.

М. Сайидзода