Омӯзгори ДКМТ соҳиби шоҳҷоизаи озмуни шаҳрии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” гардид

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо мақсади таъмини иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 30 июни соли равон дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.
Дар даври шаҳрии озмуни мазкур зиёда аз 170 нафар довталабон номнавис гардида, дар тӯли ду рӯз байни ҳам дар номинатсияҳои хондан ва азёд кардани осори адибони классики тоҷик, хондан ва азёд кардани осори адибони муосири тоҷик, хондан ва азёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик, хондан ва азёд кардани осори адибони ҷаҳон ва шоирӣ ширкат намуданд. Озмун тибқи низомномаи баргузории он сурат гирифта, миёни тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, (магистрҳо, аспиранҳо, докторантҳо) миёни довталабони номинатсияи шоирӣ дар байни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии шаҳр баргузор гардид.
Ба маҳорату истеъдоди иштирокдорон аъзоёни ҳакамон баҳогузорӣ намуда, натиҷагирии озмун имрӯз 2 июли соли 2020 бо иштироки муовини раиси шаҳри Бӯстон Хуршед Сатторзода дар толори Қасри фарҳанг сурат гирифт.Ҳамин тариқ ба ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм сипоснома ва мукофтҳои пулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.Дар озмун ба гирифтани шоҳҷоиза омӯзгори Донишгоҳи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон Осими Оқил шарафёб гардид.
Ёдовар мешавем, ки ғолибони даври шаҳрии озмун барои иштирок ба даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” роҳхат гирифтанд.