ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ-ИҶТИМОӢ: ФИЛМИ “ХИЁНАТ” ҲАҚИҚАТРО ФОШ СОХТ!

Тавре, ки маълум аст, аъзоёни ТТЭ ҲНИ душманони миллати тоҷик имрӯзҳо дар кишварҳои Аврупоӣ қарор доранду бар алайҳи миллат мубориза мебаранд ва талош мекунанд, ки ҷомеаро ба гурмоҳиву сарсонӣ баранд. Зеро наҳзатиён аз хоҷагони хориҷияшон барои ҳамин гумроҳ кардани миллати тоҷик ҳам пул мегиранду миллатро фиреб медиҳанд. Бо ниқобҳои гуногун баромад карда кӯшиш мекунанд, то ҷомеаро ба гумроҳӣ баранду аз ҳамин ҳисоб аз хоҷагони хориҷияшон маблағҳои ҳангуфтро ба даст оранд.

Имрӯз наҳзатиёни душман ва хоин то бад он ҳадд бар алайҳи миллат дасисабозиву иғвобарангезӣ менамоянд, ки кас ба ҳайрат меояд. Аммо ҳамаи ин талогшҳои наҳзатиёни манфур ба хотири гумроҳ сохтани ҷомеа асту халос.

Ҳақиқатҳоеро, ки дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” дар бораи аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва раиси манфураш дидем, касро дар тааҷҷуб мегузорад ва ҳақиқатан ҳам ин филм як ҳуҷҷати таърихӣ мебошад.

Мо, устодони кафедра ин рафтори нодуруст ва ғайриинсонии наҳзатиёнро маҳкум намуда, бар онҳо лаънат мехонем!