Профессори донишкада Юнусов М.М. академики Академияи байналмилалии муҳандисӣ шуд

ЮНУСОВ МУЗАФАР- ОЛИМИ ПУРМАҲСУЛ ВА ИНСОНИ НЕКСИРИШТ

Санаи 24 ноябри соли 2022 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар ҷаласаи намояндагони Академияи байналмилалии муҳандисӣ яке аз олимони сермаҳсул ва шаҳири тоҷик, доктори илмҳои химия, профессор, академики Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юнусов Музафар Мамадҷонович ба сафи Академияи байналмилалии муҳандисӣ ҳамчун Академик пазируфта шуд, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот олими ҷавон ва пажӯҳишгари равшанзамир Ҳоҷиён Мирзошокир иттилоъ дод.
Академияи байналмилалии муҳандисӣ (АБМ) аз лаҳзаи таъсис ёфтанаш дар соли 1992 барои ташкили фаъолияти пурсамари академияҳои миллии муҳандисӣ, сохторҳои минтақавии АБМ (шуъбаҳо, намояндагиҳо), ҳам дар кишварҳои пасошӯравӣ ва ҳам дар кишварҳои хориҷи дур корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст.
Имрӯзҳо ба ҳайати АБМ қариб 1300 нафар аз 40 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла сарони ҳукуматҳо ва президентҳои давлатҳои хориҷӣ, олимони намоён, ходимони ҷамъиятӣ ва роҳбарони сохторҳои бузурги илмию истеҳсолӣ шомиланд.
Академик  Юнусов М.М. муаллифи зиёда аз 300 мақолаҳои илмиву тезисҳои маърўза ва 10 шаҳодатномаи муаллифии ИҶШС ва 1 патенти Федератсияи Россия мебошанд. Корҳои илмиашон дар Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Ҳиндустон, Покистон, Иордания, Малайзия, Канада, ИМА, Африқои Ҷанубӣ, Олмон, Словения, Болгария, Шведсия ва ғайра нашр шудаанд. Борҳо бо маърўзаҳо дар конфоронсу симпозиумҳои дар гузашта умумииттифоќӣ ва байналмилалӣ баромад кардаанд.
Мусаллам аст, ки ҳама кори олимон, натиҷаи пажӯҳиш ва таҳқиқотҳо дар истеҳсолот ҷорӣ карда мешавад ва он вақт олим аз илми хеш лаззат мебарад, кори пажӯҳишӣ самар медиҳад. Академик Юнусов Музаффар аз зумраи чунин олимонест, ки натиҷаи заҳматҳои илмияш дар истеҳсолот татбиқ карда шудааст. Метавон гуфт, ки  корҳои илмиии ин олими тавонои тоҷик, шахсияти нотакрори илмӣ ва ситораи дурахшони илми тоҷик дар Комбинати сурбу руҳи Адрасмон, Комбинати фулузоти нодири Ленинобод, Комбинати абрешимии Хуҷанд ва Фабрикаи бойгардонии тиллои Консой дар истеҳсолот ҷорӣ шудаанд, ки ин ҳам заҳмати андак нест.
Юнусов М.М. аз моҳи марти соли 1997 то 2-уми августи соли 2011 дар вазифаи чонишини директори генералии КД «Востокредмет» (ҳоло КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон») оид ба илм фаъолият намуда, алоқамандии партовгоҳҳои радиоактивиро ба муҳити зист, ояндабинии паҳншавии унсурҳои радиоактивӣ ва заҳрнокро дар мухити зист ва усулҳои безараргардонии онҳоро дар шароити Тоҷикистон омўхтаанд.
Академик Юнусов Музафар аз зумраи он адибони тавонон ва пешгомест, ки умри хешро бесамар нагузаронида ба тарбияи насли ҷавон низ саҳм гузоштааст. Моҳи сентябри соли 2011 дар китоби пурҷилои чеҳраҳои мондагори   Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон боз як сафҳаи нав кушода шуд, ки он сафҳаи олими тавонову пурмаҳсул ва фарди хирадманду нексиришт академик Юнусов Музафар мебошад. Юнусов М.М.  шурӯъ аз  мохи сентябри соли 2011 то имрўз дар Донишкадаи кўҳию металлургии Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун ба фаъолияти илмӣ-таълимӣ машғул гардида, шогирдони зиёдеро тарбия намудааст.
Мавсуф ихтироъкори беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997) ва Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (2016) буда, таҳти роҳбариашон 10 рисолаи номзадӣ ва 1 рисолаи докторӣ ҳимоя гаштааст.
Раёсат ва ҳайати кормандони Донишкадаи кўҳию металлургии Тоҷикистон профессор Юнусов Музафар Мамадҷоновичро ба муносибати Академики Академияи байналмилалии муҳандисӣ интихоб гардиданашон табрику муборакбод менамоянд.
Муҳтарам Юнусоф М.М. нн унвони олии илмӣ эътирофи шоистаи асарҳои сершумори Шумо оид ба илмҳои табиатшиносӣ, аҳамияти саҳми шумо дар ҳамбастагии илму истеҳсолот, муваффақияти Шумо дар тайёр намудани мутахассисони соҳибихтисос, олимони ҷавон – ояндаи илми Тоҷикистон мебошад.
Ба Шумо саломатии бардавом ва дар кори бисёртарафаю пурсамаратон комёбиҳои нави эҷодиро таманно дорем!

Бо эҳтиром,
Раёсат ва ҳайати профессорию омӯзгории
Донишкадаи кўҳию металлургии Тоҷикистон