Дастаи волейболбозони донишкада дар байни МТОКи вилояти Суғд соҳиби ҷойи аввал гардиданд

Дар мусобиқаи варзишӣ миёни муассисаҳои таълимии олии касбии вилояти Суғд дастаи волейболбозони донишкада ширкат намуда, соҳиби ҷойи аввал гардид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада Насриддинов Шаҳбоз иттилоъ дод.

Ёдовар мешавем, ки дар байни дастаҳои варзишкорони вилоят аз навъи волейбол дастаи волейболбозони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон пешсафтарин мебошад ва феълан дар маркази ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе қарор доранд.