Оила чун асоси ҷомеа

Дар китобхонаи донишкада бо икдоми раёсат ва шӯъбаи шаҳрии ҲХДТ маҳфили идонае ба муносибати Рӯзи оила баргузор гардид. Дар ин маҳфил баробари оилаҳои ҷавони намунавӣ, оилаҳои собиқадор низ иштирок намуда аз назокати оиладорӣ ҳарф заданд. 

Барномаи рангини консертӣ бо иштироки дастаи ҳаваскорони донишкада “Ҷилои Ёқут” ба маҳфил шукуҳи хоса ато намуд.

Самимияти том дар маҳфили ҷолиб ҳукмрон буд. Ба туҳфаҳо қадрёбӣ шудани оилаҳои намунавӣ дар тарбияи маънавии ҷавонон саҳми арзанда гузошт. 

Муовини ректор оид ба тарбияи донишкада М. Саъдуллоева маҳфилро ҷамъбаст намуда, таъкид доштанд, ки оила асоси ҷомеа аст ва ин боиси пешрафти ҷамъият мегардад.