НАҲЗАТИЁНИ ИФРОТӢ АЗ АВВАЛ МЕХОСТАНД, КИ МИЛЛАТРО НОБУД СОЗАНД

Дар кишварҳои пешрафта ва абарқудрат ҳизбҳои сиёсӣ амал менамоянд ва онҳо барои ҳимояи миллату давлати хеш, талаботҳои байналмилалии давлати худ барномаҳои бузургеро амалӣ менамоянд ва ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки ба манфиати кишвар ва миллати худ баромад намоянд, новобаста аз мавқеи сиёсии худ. Аммо дар дигар ҷониби сайёра ин амал комилан ба тартиби дигар амалӣ мешавад. ТЭТ ҲНИ, ки замоне аз ҳизбҳои динӣ худро муаррифӣ мекард, бо боварҳо ва арзишҳои динии мардум бозӣ намуда, мардумро ба доми фиреб мекашид. Ва чизи аз ҳама  таассуфовараш дар он аст, ки намояндагони ин ҳизби террористӣ барои ба таври комил худро сафед кардану барномаи хоҷагони хориҷияшонро амалӣ намудан, фақат санги маломат ба ҷониби кишвари худ партофтанд. Онҳо ҳатто як маротиба ҳам наандешиданд, ки оқибати кор чӣ мешавад ва ҳар қадаре, ки метавонистанд хиёнат карданд.

Ба далели маълум ТЭТ ҲНИ ҳанӯз аз аввали фаъолияташ бо шабакаҳои байналмилалии террористӣ ва равияҳои ифротии кишвари Ховари Миёна ҳамкории зич доштааст ва бештар бо барномаи ифротии ҳамин гурӯҳҳо амал менамудааст.

Бо ин тарз фаъолият бурдани наҳзатиёни палидро мо дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ ва махсусан дар амалҳои террористии чанд соли охир содирнамудаи онҳо дидем ва шоҳиди ҳол будем. Дигар чӣ ҷойи шубҳа мемонад аз ифротиҳои хоин?!

Вале ин ҷо набояд фаромӯш кард, ки ТЭТ ҲНИ маҳз бо маблағи кишварҳои хориҷӣ таъсис дода шудааст ва мақсади аслияш ҳам нобуд сохтани ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Ҳодисаҳои нангин ва бисёр ҳам вазнини солҳои 90-ум, ки наҳзатиён ба сари мардум оварда буданд, ҳаргиз фаромӯш намешавад ва ин ҳам гувоҳ аз фаъолияти ТЭТ ҲНИ дар кишвар мебошад.

Онҳо барои амали намудани мақсадҳои хоҷагони хориҷияшон ҳамеша талош кардаанд ва доимо кӯшиш ба харҷ додаанд, ки фармони хоҷагони хориҷияшонро иҷро кунанд. Барои мисол онҳо бештар равшанфикрон ва олимони саршиносӣ тоҷикро сар заданд ва нобуд сохтанд. Албатта, чаро ба чунин амалҳо даст задани наҳзатиён маълум аст. Зеро хориҷиён хуб медонистанд, ки дар шароите, ки олимон ва равшанфикрони бузург ҳастанд, халқро ба гумроҳӣ бурдан хеле душвор аст ва аз ин хотир онҳо роҳи нест намудани онҳоро пеш гирифтанд. Наҳзатиёни ифротӣ ба амали намудани ин барномаашон ҳам муваффақ шуданд. Онҳо аксарияти равшанфикрон ва чеҳраҳои маъруфи тоҷикро бераҳмона ва бегуноҳ қатл намуданд ва нуфузи худро афзун гардониданд. Ва аз ҳама аҷибаш он аст, ки онҳо бисёре аз афродро бо баҳонаи комунист буданаш ба қатл мерасониданд, аммо худ на мусалмон буданду на комунист. Наҳзатиён фақат бо баҳона ва гумроҳсозии ҷавонон аз рӯи фанатсозии онҳо ба дин ва боварҳои динӣ сафи худро зиёд менамуданд.

Дар фарҷоми суҳбат, фақат ҳамин қадар метавон гуфт, ки наҳзатиён аз рӯзҳои нахустини фаъолияташон мехостанд мардумро гумроҳ созанд ва кишварро ба қисматҳо тақсим кунанду номи Тоҷикистонро аз байн баранд. Онҳо аз рӯзи якум мехостанд, ки ба миллати тоҷик хиёнат кунанд ва имрӯз ҳам мо идомаи ин хиёнатҳои наҳзатиёнро дидаистодаем.

                                                                                    Шаҳбоз Насриддинов

                                                                                    омӯзгори ДКМТ