Нашри китоби олимони донишкада таҳти унвони “Менеҷменти экологӣ” ба нашр расид

Китоби нави олимони донишкада таҳти унвони “Менеҷменти экологӣ” ба нашр расид, ки 89 нусхаи он ба китобхона ворид гардид. 

Муаллифон- ректори донишкада, профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, декани факултети иқтисодиёти саноатӣ Саидов Мустафохон, Ғаффоров Содирҷон, Раҳматов Абдумавлон дар аввалгуфтори китоби мазкур, ки ҳамчун маводи дарсӣ таҳия гардидааст, овардаанд, ки  китоби мазкур барои донишҷӯёну магистрон, аспирантони риштаҳои экология, менеҷмент, менеҷменти экологӣ, аудити дар саноат, хокшиносӣ тавсия мегардад.