Бахшида ба Рӯзи илми тоҷик дар донишкада конфронс баргузор гардид

Санаи 16-уми апрел дар толори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон  бо иштироки ҳайъати профессорону омӯзгорон ва мутахассисони ҷавон конфренсияи илми амалӣ бахшида ба 25-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва Илми тоҷик дар мавзӯи “Нақши фанҳои гуманитарӣ- иҷтимоӣ дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи кӯҳкорӣ ва металлургӣ” баргузор гардид. Кори конфронсро  муовини ректор оид ба илм ва инноватсия  Умарҷонов А.А. оғоз бахшида, ин ташаббуси кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷиро боиси дастгирӣ ва ҷадидияти кучаке дар ҷодаи илм номид. Сипас аз тарафи профессор, мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ, Олимов Абдумалик Абдуразоқович дар мавзӯи “Нақш ва омӯзиши забони русӣ дар муассисаҳои олии касбӣ” маърӯза карда шуд. Мавсуф дар ин раванд аз омори омӯзиши забони русӣ байни донишҷӯёни донишкада , дар гурӯҳҳои таълимашон бо забони русӣ  ва тоҷикӣ, тафовут ва афзалиятҳои он ёдовар гардида, баҳри минбаъд тақвият бахшидани кори таълим чанд пешниҳодҳоро иброз доштанд. Муаллими калони кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Симоненко Лилия Фёдоровна дар мавзӯи «Роль русского языка в профессиональном обучении при подготовки специалистов технических вузов» баромад намуда, оиди омода намудани мутахассисони соҳибзабону соҳибкасб маърӯза намуд. Светличная Евгения Ивановна, муаллими калони кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ бошанд бо забони англисӣ фикру ақоиди худро дар мавзӯи «Проблема окружающей среды» ва ё оиди масоили ҳалталаби ҷомеа ва муҳит баён доштанд. Ҳамзамон дар радифи омӯзгорон донишҷӯён низ бо забони русӣ ва англисӣ оиди муҳимияти омӯзиши забони англисӣ ва  муаммоҳои ҷаҳони имрӯз маърӯзаҳои пурмӯҳтаво намуданд. Дар қисмати ҷамъбастӣ чанде аз омӯзгорони ҷавон, ки дар кори таълиму тарбия саҳми арзанда доранд, бо сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Конфронс кори худро дар бахшҳо идома дод.

           Мудири кафедра:                               Тоҷибоева М.И