Ширкати донишҷӯён дар олимпиадаи байналмилалии ” Электротехника- 2023″

Санаи 18.04.2023с Донишгоҳи техникии Тамбов-и Федератсияи Россия даври дуюми олимпиадаи фаннии байналмилалии “Электротехника – 2023” тариқи онлайн баргузор намуд. Дар олимпиадаи мазкур аз тамоми давлатҳои Осиё Марказӣ намояндагони муассисаҳои олӣ иштирок доштанд.

Дар кушодашавии олимпиада муовини якуми Донишгоҳи техникии Тамбов доктори илмҳои педагогӣ, профессор Молоткова Наталя Вячеславовна, директори донишкадаи энергетика, асбобсозӣ ва радиоэлектроника, доктори илмҳои техникӣ Чернишова Татяна Ивановна иштирок намуда, суханронӣ карданд.
Аз ҷониби Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар олимпиадаи мазкур муовини ректор оид ба таълим (муовини аввал)–и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон  профессор Насриддинов Замониддин Зайниддинович суханронӣ намуд ва барои ҳамкориҳои тарафайн изҳори миннатдорӣ баён кард.
Дар олимпиада аз донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯёни ихтисоси 430103-01 Таъмини корхонаҳои саноати бо барқи кафедраи “Таъминоти барқ”-и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Донишкадаи политехникии донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар ш.Хуҷанд иштирок намуданд. Дар олимпиадаи мазкур тариқи маҷозӣ аз Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон 8 нафар донишҷӯёни факултети Электромеханика фаъолона иштирок намуданд ва дар рузҳои наздик натиҷаҳои олимпиада муайян мегардад.