63- солагӣ муборак муҳтарам Бобоев Раҳимҷон!

Субҳи имрӯз муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин бо ҳамроҳии раиси иттифоқи касабаи донишкада Давлатов Давлатмаҳмад мудири кафедраи ташкили ҳамлу нақл Бобоев Раҳимҷонро, ки ба синни 63- солагӣ қадам ниҳод, дар ҳузури кормандони ҳамин кафедра табрику таҳният гуфта, бар эшон номаи шодбошӣ ва туҳфаи хотиравиро тақдим намуд. 

Зимни баромади хеш муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин аз хидматҳои Бобоев Раҳимҷон ёдовар шуда, барояш аз нгми раёсати донишкада изҳори миннатдорӣ баён намуд.