Баргузории маҳфили навбатии “Ганҷи хирад”

Имрӯз дар толори Шӯрои олимони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон маҳфили “Ганҷи хирад” бо ширкати олимону муҳаққиқон ва донишҷӯён баргузор гардид. Чорабиниро нахуст роҳбари маҳфили “Ганҷи хирад” омӯзгори фаъол Холова Фахринисо ифтитоҳ намуда, дар бораи мавзӯи навбатии маҳфил ва муҳимияти мавзӯъ сухан ронда, суханро ба баромадкунандагон дод. 

Дар маҳфили имрӯза донишҷӯёни бахши сеюм Сафарзода Салмон дар мавзӯи ” Саҳми Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит дар пешрафти фарҳанги исломӣ ва ҳуввияти миллӣ”, донишҷӯи бахши дуюм Саидзода Муаддиб дар мавзӯи “Мероси Мавлоно Балхӣ васлгари фарҳангҳост” баромад намуда, оид ба ин ду мавзӯъ, ки зери роҳбарии Холова Фахринисо омода гардидаанд, андешаронӣ намуданд.

Ҳамчунин, як қатор донишҷӯён ба баромадкунандагон суолҳо дода, мулоҳизаронӣ намуданд. Сипас, роҷеъ ба ин мавзуот омӯзгори фаъол Самиев М. андешаронӣ намуда, таъкид намуд, ки шинохти ҷомеа аз шахсиятҳои бузурги илмӣ бояд дуруст сурат бигирад ва насли ҷавон бояд аз ин корнамоии гузаштагони хеш сабақ бигиранд.
Дар интиҳо мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ -иҷтимоӣ номзади илмҳои таърих Абдуллоев Икром суханронӣ намуда, барои ширкат ва баргузории маҳфил ва суханронӣ ба фаъолон изҳори миннатдорӣ баён намуда, маҳфилро ҷамъбаст кард.