М. КАБИРӢ ХОИНИ ЗАРХАРИД ВА БЕШАРАФУ БЕВИҶДОН!

Ҳоло М. Кабирии террорист ва хоин ба хотири гумроҳ  намудани ҷомеа ва фиреб додани мардум, талош мекунад, ки бештар мардумро бо дасисабозиву иғвобарангезӣ фиреб диҳад ва ба роҳи нодуруст барад.

 Маълум аст, ки М. Кабирии хоин аз ҷониби хоҷагони хориҷияш маблағҳои ҳангуфт мегирад, то ҷомеаро ба гумроҳӣ барад ва фиреб диҳад, чунки мақсаду мароми наҳзатиён ва дигар хоинони миллати тоҷик ин гумроҳ намудани ҷомеа ва бо ҳамин роҳ монеа гузоштан пеши роҳи ҷомеа  мебошад.  Зеро аз рӯзҳои аввал аъзоёни ТТЭ ҲНИ намехостанд, ки миллати тоҷик соҳибистиқлол шаваду ба орзуҳояш расад ва ҳамин аст, ки то ба имрӯз иғвобарангезӣ мекунанду талош мекунанд, то мардумро ба гумроҳӣ баранд ва чашмашон аз воқеият хира созанд.

Имрӯз бо баракати сулҳу ваҳдат ва талошҳои Роҳбари муаззами кишвар Тоҷикистон хеле пеш рафт ва саодат насиби мардум гардид, ки ин неъмати бузург мебошад. Соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон барои миллати тоҷик як бахти бузург мебошад .

Лек бадхоҳони миллат, аъзоёни ТТЭ ҲНИ ҳаминро намехоҳанд ва имрӯз дар хориҷ аз кишвар чандин барномаҳои иғвобарангезонаро ташкил кардаанд, то ҷавононро ба доми фиребу найранги хеш дароранду террорист тарбия кунанд, ки ин хиёнат мебошад.

М. Кабирии террорист ва хоин аз саркардагони хиёнаткорон ва бадкешони миллати тоҷик мебошад, ки ҳоло барои аз байн бурдани мустақилияти давлати миллии тоҷикон ва саодату хушбахтии миллати тоҷик, бо фармони хоҷагони хориҷияш кӯшиш мекунад ва барои амали намудани ин мақсади нопоки хоҷагони хориҷияш чандин ҷавонони гумроҳро гирифта, барномаҳои авбошона таъсис додааст, то ба мақсади нопоку душманонааш бирасад.

Миллати тоҷик, бояд донад, ки М. Кабирии манфур ва хоин душмани миллати тоҷик аст ва мақсаду маромаш ҳам хиёнат бар миллатиу давлати мо мебошад. Бовар дорам, ки миллати тоҷик хиёнатҳо ва амалҳои террористии содирнамудаи наҳзатиёни хоинро намебахшаду ҳатман ба даҳони наҳзатиёни террорист санг мезанад. Чунки ҳеҷ як тоҷику тоҷикистонӣ намехоҳад, ки дубора дар Ватан ҷанг шаваду миллат хору залил гардаду кишвар ноорому нообод.

Дилмуроди Вафо

таҳлилгар, ДКМТ