Муҳокимаи асарҳои бадеӣ аз ҷониби донишҷӯён дар китобхонаи донишкада

Имрӯз санаи 24-уми январ дар китобхонаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, донишҷӯёни бахши якуми  гурӯҳи 36-01-01(б) ташриф оварданд. Донишҷӯён бо роҳбарии муаллима Мирхолиқова М иштирок намуданд.  Донишҷӯён китобҳои аз бар намудаи худро дар назди директори китобхона Ӯзбекова Б ва бо роҳбарии  муаллима Мирхолиқова М муҳокима намуданд.

Сардори ин гурӯҳ Файзуллоев З дар як моҳи январи таътили зимистона  2 китоби бадеиро хонда, мазмуни мухтасарашро ба донишҷӯён нақл намуд. Боқимонда донишҷӯён низ оид ба китобҳои мутолиа намудаашон фикрҳои худро баён намуданд. Чунин тарзи муҳокимаву баррасии асарҳои бадеӣ, ки дар китобхонаи донишкада баргузор гардид,  хеле ба донишҷӯён писанд омад.