Мусобиқаҳои варзишӣ: дастаи Раёсат дар ҷойи аввал

Тавре, ки қаблан иттиллоъ дода будем, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тибқи нақша-чорабинии шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада мусобиқаҳои варзишӣ идома ёфта буд ва байни дастаҳои Раёсат, факултетиҳои корҳои кӯҳӣ, металлургия ва электромеханика мусобиқаи варзишӣ аз рӯйи намуди волейбол шуда гузашт, ки дар ин даври бозӣ дастаи “Раёсат” ҷойи 1 ва факултетҳои  металлургияву электромеханика ҷойҳои дуюм ва сеюмро соҳиб гардиданд.

Ҳамчунин, миёни ин дастаҳо мусобиқаҳо оид ба шоҳмот ва тенниси рӯйи миз идома дорад ва натиҷаашро дертар бо ҷамъбаст шудани мусобиқаҳо  нашр хоҳем намуд.

М. Сайидзода