МУЛОҚОТИ ХАТМКУНАНДАГОН БО РЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ОЛӢ

Дар доираи нақша-чорабиниҳои МИҲД ва қарори Раиси вилояти Суғд оид ба вохӯрии хатмкунандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ бо роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят санаи 19-уми феврали соли равон дар Гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд мулоқот баргузор гардид. 
Дар мулоқот беш аз 400 нафар хатмкунандагони шаҳри Хуҷанд ширкат варзиданд. Вохӯриро муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ҳусни ифтитоҳ бахшид. Ректори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Ҷамшед Ҷӯразода суханронӣ намуда, бо шароитҳои таҳсил ҳозиринро шинос намуд. Баъдан ректори ДДҲБСТ Муъмин Шарифзода оид ба таҳсил дар донишгоҳ ва имкониятҳо баромад намуд. Сухани навбатӣ ба ректори ДКМТ Фозилзода Мухтор дода шуд, ки ӯ низ ҳамагонро бо шароитҳои донишгоҳ шинос намуд.
Зимни суханронии хеш директори ДПДТТ, номзади илмҳои техникӣ Дилафрӯз Саидӣ зикр намуд, ки донишкада дорои тамоми имконият ва шароит барои донишандӯзӣ мебошад. Қайд карда шуд, ки робитаи хориҷии донишкада сол то сол вусъат ёфта истодааст. Саидӣ Дилафрӯз аз шароити хобгоҳ, лабораторияҳои замонавӣ, синфхонаҳои компютерӣ, раванди таълим ба ҳозирин иттилоъ дод. Аз ҷумла, қайд намуд, ки 50 нафар донишҷӯёни дар риштаи муҳандисӣ – технологӣ таҳсилдошта ба Олмон сафар намуда, дар самти технологияи маҳсулоти хӯрока, коркарди маҳсулот кишоварзӣ дар ин давлати мутараққӣ фаъолият бурданд. Донишкада бо 200 муассисаҳои олии хориҷӣ ҳамкорӣ дошта, дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас дастёб шудааст. Маҳз вусъати ҳамкориҳои дуҷониба аст, ки баҳри баландбардории сатҳи дониш ва ивази таҷриба устодони донишгоҳҳои Латвия, Литва, Полша ва ғайраҳо ба донишҷӯёни ДПДТТ дарс гуфтаанд. 
Вохӯрӣ бо суханронии директори ДИС ДТТ Олимӣ Рауф хотима ёфт, ки номбурда низ хатмкунандагонро бо вазъи таълим шинос кард.
Хатмкунандагон ба саволҳои худ, ки вобаста ба раванди таълим дар муассисаҳои олӣ мебошад, ҷавобҳои қаноатманд гирифтанд.
Хатмкунандагони шаҳри Хуҷанд аз ин вохӯрӣ бо шароитҳои донишгоҳу донишкадаҳо маълумот пайдо намуданд. Боварӣ дорем, ки ҳар яке дар интихоби муассисаи олӣ ва касб устувор буда, ояндаи худ ва Ватанро обод мекунад.
Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд