Мулоқоти судманд баҳри фардои беҳтари донишҷӯён

Дирӯз, ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон аз корхонаи гидрометаллургӣ Исломов М.И. ва Бабина М.А.  ташриф оварданд ва меҳмононро сардори бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон Назарматов Авазбек дар утоқи худ ба муколама даъват намуд.  

Тибқи иттилои ба даст омада,  меҳмонон аз корхонаи гидрометаллургӣ ба он хотир ба донишкада омадаанд, ки бо хатмкнундагон мулоқот намоянд ва минбаъд мутахассисонро аз ҳисоби хатмкунандагон ба кор таъмин намоянд.

Ба ҳамин хотир ба иттилои ҳама хатмкунундагон расонида мешавад, ки ҷиҳати дарёфти иттилои бештар ба бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунундагон дар бинои факултети корҳои кӯҳӣ, ошёнаи якум муроҷиат намоянд.

Шуъбаи иттилоот