Мулоқоти ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ бо донишҷӯён

Дирӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон вохӯрии ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ  бо донишҷӯён сурат гирифт, ки дар он муовинони ректор, омӯзгорон, декани факултети корҳои кӯҳӣ Самадова Гулӣ ва дигар кормандони масъули факулта  ширкат варзиданд.

Ректори донишкада муҳтарам  Бахтиёр Маҳмадалӣ  дар рафти суханронии хеш донишҷӯёнро ба дарсомӯзӣ ва азхуд намудани илмҳои замони муосир талқи намуда, таъкид карданд, ки вазифаи донишҷӯ пурра аз худ намудани соҳа мебошаду донишҷӯ барои дар оянда азоб накашиданаш бояд худ талош кунад, то мутахассиси хуб гардад. Аз ҷониби донишкада ҳама шароитҳо муҳайё карда шудааст ва донишҷӯро лозим меояд, то бешатр кӯшиш кунад.

Ояндаи Ватан аз ҷавонон, махсусан Шумо донишҷӯён вобаста аст ва барои он ки дар оянда боз ҳам хубтар  зисту зидагӣ намоем, бояд, ки имрӯз заминагузорӣ сурат гирад, яъне аз ҳоло донишҳои хешро такмил диҳед, то тавонед  ҳамчун муҳандиси хуб дар истеҳсолот фаъолият баред.

Ҳамчунин, дар ин мулоқот  байни донишҷӯён ва роҳбарият суолу ҷавобҳо сурат гирифт, ки аз ин ҳол сурат гирифтани вохӯрӣ донишҷӯён хушҳол гардиданд.

Ёдовар мегардем, ки имрӯз вохӯрии ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ дар сатҳи хеле баланд гузашта, барои донишҷӯёни факултети мазкур падидаи нек ва бахти баланд мебошад, ки мустақим бо роҳбарияти донишкада суҳбати озод барпо намуданд.

М. Сайидзода