Мулоқоти муҳиму судманд бо ширкати мушовири Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Азизулло

Имрӯз, дар маҷлисгоҳи калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар доираи нақшаи муштараки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имсол ироа гардид, ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва радикалӣ, тақвияти қонунҳои миллӣ, ҳамчунин пешгирӣ аз фарҳанги бегона, арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ва гиромидошти арзишҳои давлати миллӣ мулоқоти ошкорои мушовири Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Азизулло бо омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Чорабиниро нахуст ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба ҷанбаҳои мусбӣ ва муфиди қонунҳои миллӣ суханронӣ намуда, сипас меҳмонро ба ҳозирин муаррифӣ кард. Муҳтарам Мирзозода Азизулло дар суханрониҳои хеш аз бартарият ва манфиати қонунҳои миллӣ, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳимояти дину мазҳаб ва шаклгирии тафаккури солими ҷомеи шаҳрвандӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, нигоҳдории фарҳанги волои миллӣ, наҷоти миллат аз таҳоҷуми фарҳанги бегона, роҷеъ ба хатари гурӯҳҳои ифротӣ ва шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои радикалӣ, роҷеъ ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, дарки масъулиятшиносӣ ва ҳимояи арзишҳои миллӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки дар ин шабу рӯзи ниҳоят ҳассос ва ҷаҳони пуртазод бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, арзишҳои миллиро ҳифз намоем ва ба қадри сулҳу ваҳдати миллӣ бирасем…
Дар интиҳои ҷаласа ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба муҳтарам Мирзозода Азизулло изҳори миннатдорӣ баён намуда, хостори бештар гузаронидани чунин мулоқоту машваратҳои муҳим гардид.
Сипас, Мирзозода Азизулло ба суолҳои ҳозирин посух гуфт.


Шуъбаи иттилоот