Мулоқоти муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин бо хатмкунандагони шаҳри Панҷакент

Имрӯз дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии давлатии шаҳри Панҷакент тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Раиси вилояти Суғд вохӯрии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин Зайниддинович суханронӣ намуда, оид ба дастоварду комёбиҳо, ихтисосҳои мавҷуда, хобгоҳҳо, имкониятҳои таҳсил, имтиёзҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон барои довталабон маълумот доданд.
Дар рафти муаррифии ихтисосҳо ва дастовардҳои донишкада маълум гардид, ки довталабон бештар ба ихтисосҳои дар донишкада мавҷуд буда таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Аксарият хоҳиши супоридани ҳуҷҷатҳои худ ба ихтисосҳое, ки имрӯз ба талаботи замон ҷавобгӯ мебошад, доранд.
Зимни мулоқот хатмкунандагон ва ҳамзамон намояндагони МИҲМД шаҳри Панҷакент ба роҳбарияти донишкада изҳори миннатдорӣ баён намуданд.