Мулоқоти сарбозони Гвардияи миллӣ бо донишҷӯёни донишкада

Санаи 16-уми феврали соли 2024 дар толори Шӯрои олимони донишкада бахшиди ба 31- солагии Рӯзи Артиши миллӣ вохӯрии донишҷӯён бо сарбозони қисми низомии 051056-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, таҳти унвони “Хизмати модар ватанро аз дилу ҷон мекунем” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ мудири бахши кор бо ҷавонони донишкада Насриддинов Ш.А., мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Бобоев М., сержант Нозимов Саидҷалолиддин, сарбозони қаторӣ Абдураҳмонов Фазлиддин ва Сарбозов Саидиброҳим иштирок ва суханронӣ намуданд.
Чорабиниро нахуст мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада Насриддинов Шаҳбоз ифтитоҳ намуда, дар бораи фаъолияти ҷавонон, саҳми ҷавонон дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, саҳми ҷавонон дар рушди ватани азизамон ва ҳифзи марзу буми он аз ҷониби ҷавонон маърӯза намуда, таъкид дошт, ки ҷавонон муҳаррики асосии пешрафти ҷомеаи муосир мебошанд.
Сипас, сержант Нозимов Саидҷалолиддин оид ба шарту шароити хизмат дар қисмҳои низомӣ, рафтору муносибати сарбозон, машқу омӯзишҳои ҳарбӣ ва рафти иҷрои қарзи шаҳрвандӣ сухан ронда, таъкид намуд, ки шароит дар қисмҳои низомӣ хеле беҳтар гардида, сарбозони қаторӣ метавонанд дар баробари сарбозону афсарони кишварҳои пешрафтаи олам таҷрибаву малакаи низомии хешро ба намоиш гузоранд.
Дар чорабинии мазкур ҳамчунин сарбози қаторӣ Абдураҳмонов Фазлиддин суханронӣ намуда, ишора намуд, ки қарзи ҳар мард аст, ки хизмати модар ватанро ба ҷо орад ва аз мактаби бузурги ватандорӣ бигзарад. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихори бузург ва шарафмандист. Ҳар ҷавоне, ки ба хизмати ҳарбӣ даъват мешавад, бояд донад, ки ӯро ҷомеа ҳамчун ҷавонмард ва инсони баномус шинохтааст, аз ин лиҳоз, мардонагиро то ба охир дар назди ҷомеа исбот  кард.
Ҳамчунин, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Бобоев М. суханронӣ намуда, дар бораи ватандӯстӣ, ташаккули мафкураи миллӣ, риояи қарзи мардонагӣ, ҷавонмардиву шуҷоатмандӣ, ҳисси баланди ватандӯстиву саҳмгузорӣ ба рушди Тоҷикистони азиз иброз намуда, таъкид дошт, ки маҳз ҷавонон идомадиҳандаи амалҳои неку бузурги ниёгон буда, қарзи шаҳрвандии мост. Вазифадорем, ки ҳар як ваҷаб хоки ватани маҳбубамонро ҳифз намуда, баҳри ободиву сулҳу суботи кишвар саҳмгузор бошем.
Дар интиҳо лаҳзаи суолу ҷавоб фаро гирифт, ки донишҷӯён тавонистанд аз сарбозон оид ба вазъи буду бош ва низоми ҳарбӣ ошноӣ пайдо намоянд.