Муваффақияти илмӣ муборак! Сафи олимони донишкада меафзояд

Имрӯз, ду нафар омӯзгорони варзидаи донишкада сардори маркази тестиву бақайдгирӣ Давлатов Давлатмаҳмад ва корманди ҳамин марказ Ашӯров Хайриддин таҳти роҳбарии Ҳоҷиев Саидмуқбил дар институти экология, гидроэнергетика ва муаммои оби Академияи миллии илмҳо рисолаи номзадии хешро дифоъ намуданд, ки ин боиси хушҳолии мост.
Ёдовар мешавем, ки мавзӯи рисолаҳои ин олимони ҷавон барои ҷомеа хеле муҳим буда, дар ҳалли муаммоҳои глобалии об мавриди пажӯҳиш қарор гирифтааст.
Раёсати донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ин ду олими ҷавонро табрику таҳният гуфта, барояшон муваффақият ва дар фатҳи қуллаҳои баланди илм комгорӣ таманно менамояд.