МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ – ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар шароити муосир терроризм ва экстремизм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон паҳн гушта, хавфи калон дорад ва барои осоиштагӣ ва амнияти давлатҳои алоҳида таҳдид мекунад. Айни замон амалҳои марбут ба террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз чорабиниҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на танҳо аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии гурӯҳҳои террористӣ ба чашм мерасад.

Роҳбари давлат дар ҳар вохӯрию мулоқотҳояшон ба мардуми кишвар таъкид менамоянд, ки ба қадри ҳаёти осуда бирасем, сулҳу оромӣ ва неъматҳои доштаамонро эҳтиёт карда, бо меҳнати содиқонаву софдилона фардои худро обод созем. Дар ин замина ба таълиму тарбияи фарзандони хеш диққати ҷиддӣ диҳем, то онҳо пас аз мо давоми рӯзгори шоду Ватани ободи мо бошанд. Нагузорем, ки фарзандони мо гӯш ба ҳарфи дигарон андозанду ба роҳу кори хато раванд.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ ва ватанӣ дар мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм нишон медиҳад, ки муваффақият дар ин самт таҳия ва татбиқи маҷмӯи чорабиниҳоро, ки барои безараргардонии омилҳои идеологӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва институтсионалии фаъолнокии онҳо равона карда шудаанд, талаб мекунад.

Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст. Ифротгароӣ дар кадом шакл набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Ба муқобили ифротгароӣ бояд ҳама мубориза баранд. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақа манфиат доранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд. Айни замон гурӯҳҳои террористии ба ном «Давлати исломӣ», «ҳизб-ут-таҳрир», «ҳизбуллоҳ», «Ал-қоида», «Боко-ҳарам», «Толибон» ва монанди инҳо барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд. Мақсади асосии ин гурӯҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист. Махсусан барои гирифтани нуқтаҳои коркарди нафту газ ва дигар сарватҳои зеризаминӣ, ки паси он миллиардҳо меистанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз мамлакатҳе мебошад, ки дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида, онҳоро амалӣ намуда истодааст.   Соли 2016 “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм  барои солҳои 2016-2020” тасдиқ гардид. Стратегияи мазкур самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти муқовимат ба экстремизм  ва терроризм муайян намуда, вазифаҳои мақомоти давлатиро ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои ба экстремизм ва терроризм  мусоидаткунанда мушаххас намуда, яке аз қадамҳои устувори мамлакати мо дар самти пешгирии ин зуҳурот мебошад.

Бо эътимоди қавӣ ва боварии комил метавон гуфт, ки ҷавонони аз ин падидаҳои номатлуби асри нав, худро дур гирифта, барои ворид нашудан ба гурӯҳои террористию ифратгароӣ нангу номуси миллии худро баланд бардошта барои таъмини амнияти кишвар, пойдории ваҳдати миллӣ ва рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол кӯшиш хоҳанд кард.

Шамсиддинов Ш.М.

сардори шуъбаи таълим