Муаррифии асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ДКМТ

Санаи 11.11.20 дар хобгоҳи № 3-и Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Асарҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳидоятгари мо” гузаронида шуд, ки дар он декани факултети электромеханика  Шамсидинов Ш., мудирони кафедраҳо ва дигар   устодону донишҷӯёни ДКМТ ширкат варзиданд.

Нахуст, чорабиниро мудири кафедраи математикаи олӣ ва информатика  устод Туев Шоҳин ифтитоҳ намуда, дар бораи муҳтаво ва аҳамияти баланди асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеа ибрози назар намуданд.

Сипас, устоди ҳамин кафедра Мирзозода Воҳидҷон, Абдураҳмонова Азиза  ва дигар устодону меҳмонон дар бораи асарҳои Сарвари давлат суханронӣ намуданд.

Дар интиҳо як силсила донишҷӯён низ баромадҳо намуда, мавқеи худро аз ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаву башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.

Ёдрас мешавем, ки тасмимгирандаи ин чорабинӣ  кафедраи математикаи олӣ ва информатикаи факултети электромеханикаи донишкада буд.

Шуъбаи иттилоот