МАРҲАЛАҲОИ ТАЪРИХИИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Парчам аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди халқу миллатҳои сокини ҳар як сарзамин ва муборизаи онҳо барои озодӣ шинохта мешавад. Дар парчам нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳанги ҳар як халқу миллат, роҳи таърихии тайкардаи он ва дигар аломатҳои ифодакунандаи истиқлолияти давлат инъикос меёбанд. Тоҷикистон чун давлати мустақил Президент, Конститутсия ва рамзҳои давлатии худро дорост, ки онҳоро дар маҷмўъ муқаддасоти давлатӣ мегўянд.

Дар таърихи башарият парчам аз давраҳои қадим ҳамчун рамзи давлатдорӣ истифода мешуд. Парчамдорӣ барои аҷдодони мо ҳанўз аз замоне ки Коваи оҳангар пешдомани чармиашро байрақ карда, ба муқобили душманон ҷанг эълон кард, расм шуда буд.

Парчам истилоҳҳои байрақ ва ливоро низ ифода мекард. Дар парчам расмҳои ҳайвонот ва яроқу аслиҳаро тасвир менамуданд. Агар дар ҷанг байрақ гум мешуд ва ё ба дасти душман меафтид, маънии мағлуб шуданро дошт, яъне аз рамзҳои муқаддас ҳисобида мешуд.

Дар сарчашмаҳои қадимтарин роҷеъ ба ливо, алам, парчам, дирафш, ки рамзи давлатдории ориёиён маҳсуб мешавад маълумотҳо оварда шудаанд. Дар асари безаволи Ҳаким Фирдавсӣ – «Шоҳнома», ки намунаи барҷастаи осори ватандўстӣ ва тарғибгари некию мардонагист, аз муборизаи Коваи оҳангар ба муқобили Заҳҳоки хунхор оварда шудааст. Замоне онро рамзи мубориза алайҳи золимон, замоне онро Дирафши Ковиёнӣ хонда, бо зару зевар ҷило дода, мояи ифтихор донистаанд. Бо ин ҳама зебоӣ ва қудрат онро бо вожаҳои асилу қадимаи тоҷикӣ «парчаму дирафш» хондаанд, ки ин рамзи ваҳдат ва давлатдории ориёӣ буд.

Агар ба таърихи гузаштаи халқамон бингарем, мебинем, ки дар аввалин парчамҳои ниёгони мо тасвири уқоб – нишон аз қудрату тавоноии давлат, ситораҳои заррин – рамзи дурахшонии нобиѓаҳои илму фарҳанг, сангҳои қимматбаҳо – шоҳиди боигариҳои ин сарзамин, рангҳои таҷассумгари воқеиятҳои таърихи халқ нақш мегардиданд. Ҳанўз дар ливои Куруши кабир тасвири уқоб нақш гардида буд, ки он рамзи як давлати неруманд ба ҳисоб мерафт.

Ҳатто муҳаббати беҳамтои ориёӣ ба парчам чунон буд, ки сулолаи Сосониён дар он нақши Мурғи Ҳуморо зардузӣ намуда, онро нишона ва рамзи муқаддас донистаанд.

Ҳатто аз муҳаббати зиёд ба парчам, ҳамчун рамзи некию ҷавонмардӣ, паҳлавонони номвари аҷдодони мо ҳар яке диравши хоси худро доштааст.

Парчами давлатӣ барои ҳар як халқу миллат, аз ҷумла барои мо – тоҷикон муқаддас аст. Дар назди парчами давлатӣ аз Президенти мамлакат то сарбози қаторӣ савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунад.

Парафшонии парчам дар ҳар гўшае баёнгари мавҷудияти миллат ва давлат аст.

14 октябри соли 1924 Чумхурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Точикистон таъсис ёфт ва бо карори Президиуми кумитаи марказии ичроияи он аз 23 феврали соли 1924 парчами давлати кабул карда шуд, ки аз матои сурх иборат буда, дар кунчи он нишони давлати бо навиштачоти «Пролетариатхои хамаи давлатхо як шавед» акс ёфта буд.

16 октябри соли 1924 Ҷумхурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба Ҷумхурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил ва 5 декабри соли 1929 бевосита ба хайати ИЧШС шомил карда шуда. мохи апрели хамон сол парчам дар тахрири нав кабул шуд. Баъди кабули парчам аз соли 1929 то соли соли 1953 ба он хафт маротиба тахрир ворид карда шуда, аз соли 1953 бе тахрир то соли 1991 арзи вучуд кард.

Мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эълон намудани Истиқлолияти давлатӣ дар баробари Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ, Парчами худро қабул карда, тўли ин солҳои даврони соҳибихтиёрӣ таҳти сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат,Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва партави ин муқаддасоти миллат, ба пешравиҳое ноил гардид, ки аз ҷониби оламиён шинохта шуда, ҳангоми садо додани суруди миллӣ ва бардоштани Парчами давлатӣ ба халқи тоҷик эҳтиром ба ҷо оварда мешавад.

Дар таърихи 24-ноябри соли 1992 гуруҳи корӣ оид ба таҳияи рамзҳои нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ба Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоби ба номи С. Ӯрунхоҷаев баргузор гардида буд, Парчами нави давлатиро ба муҳокимаи вакилони халқ пешниҳод намуданд.

Рўзи дигар, яъне 25 ноябри соли 1992 рамзи нави давлати соҳибистиқлоли Точикистон – Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толори ҷаласаи Шўрои Олӣ ворид карда шуд ва аввалин маротиба раиси тозаинтихоби ҳамонвақтаи Шўрои Олии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Парчами давлатӣ сари таъзим фуруд оварда қасам ёд намуд.

Вобаста ба таҳияи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин аз тарафи Институти таърих, археология ва этнографияи АИ ҶТ ба номи Аҳмади Дониш, Донишкадаи астрофизика ва Кумитаи ҷумҳуриявӣ оид ба терминология лоиҳаҳои рамзҳои давлатии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда буданд. Дар охири озмун аз байни санъатшиносон ва рассомон вобаста ба таҳияи рамзҳои давлатӣ гуруҳ интихоб карда шуд, ки аз он ҷумла, рассоми халқии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев – роҳбар ва лоиҳакаш, Лариса Додхудоева – номзади илмҳои санъатшиносӣ, рассом ва санъатшинос, Анатолий Заневсий – Президенти Иттифоқи дизайнерҳои Тоҷикистон ва Ирина Игнатушина – Ходими хизматнишондодаи санъати Точикистон, санъатшинос шомил буданд.

Аз тарафи муаллифон лоиҳаи Парчами давлатӣ, ҳамчун матои росткунҷаи серахаи рангаи уфуқӣ, иборат аз ранги сурх, сафед ва сабз пешниҳод шуд, ки рахи ранги сафед якуним баробари рахҳои ранги сурх ва сабзро ташкил мекард ва бари матоъ бошад якуним баробари дарозии онро ташкил медод. Дар аввал ба сифати ангораҳои асосӣ муаллифон дар Парчами давлатӣ нақши шер, тоҷ ва ситораҳоро нақшунигорӣ наму-

данд. Нақши шер аз анъанаҳои форсу тоҷик сарчашма гирифта ҳамчун рамзи боақлӣ, ҷасурӣ ва адолатро ифода менамуд. Аммо нисбати он аз тарафи вакилони парлумон ва дигар мутахассисон эродҳои асоснок карда шуданд.

Баъд аз ин гуруҳи корӣ дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷои нақши шер нақши тоҷ ва ҳафт ситораро ҷой намуданд. Рангҳои Парчами миллӣ дар худ маъниҳоеро таҷассум менамоянд, ки ба миллати мо қаринанд: ранги сурх – рамзи озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед – сулҳ ва оромӣ, ранги сабз – ободӣ ва ривоҷу равнақро таҷассум менамояд. Тоҷ ва ҳафт ситора, ки дар рӯйи Парчам акс ёфтаанд, рамзи миллати куҳан ва фарҳангофар мебошад.

Маҳз бо парафрохтани Парчами миллӣ дар бинои Созмони Миллали Муттаҳид дар баробари зиёда аз 150 давлати дунё Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дониста ва эътироф гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20 ноябри соли 2009 24 ноябрро Рўзи Парчами давлатии ҶТ эълон доштанд.

Тибқи моддаи 3-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои давлатӣ ба ҳисоб рафта, яке

дигареро пурра гардонида, нишона аз давлатдории муосири мо мебошад.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рамзҳои давлатии Тоҷикистон, Парчами давлатӣ дар боло ё пештоқи бино ва ё

дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорату кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти дигари идоракунии давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратура, Бонки миллӣ, Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ, дар қисмҳои ҳарбӣ, гузаргоҳҳо, дидбонгоҳҳо, нуқтаҳои гумрукии сарҳади давлатии Тоҷикистон, ҳамчунин дар нақлиёти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони ҳайати давлатӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон берун аз ҷумҳурӣ ва шахсони дигар мутобиқи тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад.

Ба хотири дар сатҳи зарурӣ ҷой додани муқаддасоти миллат –Парчами миллӣ дар пойтахти кишвар, назди Қасри Миллат бо мақсади

барои асрҳо барҷо мондани давлати тоҷикон дар харитаи ҷаҳон баландтарин поя сохта, Парчами миллӣ дар он барафрохта шуд.

Баландии пояи Парчам 165 метр буда, дарозии худи Парчам 60 метр ва паҳноияш 30 метр мебошад. Бунёди пояи Парчам бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 оғоз гардид. Соли 2011 он қомат рост кард. Дар маросими ифтитоҳи он намояндагони китоби «Рекордҳои Гиннес» иштирок намуда, ба намояндагони Ҳукумат Шаҳодатномаи рекорди нави ҷаҳониро супурданд. Дар ҷаҳон баландтарин пояи парчамро бунёд кардан ҳам рамзи хоса дорад.

Намояндагони миллати сарбаланди тоҷик имрӯз дар тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла дар қитъаҳои Амрико, Африқо, Аврупо, Осиёи Хурду Миёна ва кишварҳои арабу Чину Ҷопон кору зиндагӣ доранд. Баландии поя ва Парчами миллат рамзи он аст, ки сояи Парчами миллат дар тамоми олам бар сари ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ

партавафшон бошад.

Ҳамин тариқ, ба ҷой овардани эҳтиром нисбати Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро Парчам як рамзи хосаи истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат аст.

Абдуллоев И.Р.

омӯзгори ДКМТ